Давомаш ... Қисмҳои аввалашро ин ҷо хонед:
Вале дастонашро базӯр дошта аз задани ҳамсараш худдорӣ кард.
- Бори дигар ҳамин тавр гӯи забонатро меканам.
- Ман чӣ гуфтам. Мабодо чизҳои меовардаи шумо ҳам дуз...- Умед аз дигарбора такрор кардани ҳамсараш сахт дарғазаб шуд. Бо панҷаи оҳанинаш аз ҷоғи Гулрӯ маҳкам дошта:
- Эй, забонам ҳаст гуфта, ҳарчӣ гуфтан нагир! Ҳозир мекушамат фаҳмидӣ? Ман шабу рӯз хобамро ҳаром карда, аз баҳри ҳама чиз гузашта, барои ту кӯрнамак кор мекунаму боз ту ба ман тӯҳмат мезанӣ?
- Ин вазифаи ҳар мард аст, - паст наомад Гулрӯ.
Умед ҷоғи ҳамсарашро раҳо карда, гуфт:
- Э, ба ту барин бекалла гап задан бефоида, - гӯён ба ҳуҷраи хобаш рафта, худро ба рахти хоб ҳаво дод.
Ҳамон замон ӯро хоб бурд. Боз хоб дид. Дар хобаш ӯ ба кор рафта буду ҳама аз дуздии ӯ огоҳ шуда буданд. Дар ошёнаи сеюм роҳбар ӯро мунтазир шуда истода буд.
- Умед, ман ба ту боварии калон доштам. Вале, ту дузд будаӣ. Аз боварии мо сӯистифода карда, маро талаву тороҷ кардӣ. Ба ҳамааш чашм пӯшидам. То ин дам ҳамаашро нодида гирифтам. Барои чӣ? Барои он ки ман кори сохтмонро аз ҳамон падари мардикори ту омӯхтам. Вале, дирӯз арраи қиммати худбурро дуздиданат аз ҳад гузашт.
- Не, ман дузд нестам. Вай ҳаққи ман буд. Ту ба ман маоши кам медиҳӣ. Баръакс, ту ҳаққи ҳамаи моро мехӯрӣ, - ин гапҳоро гуфта Умед қафонокӣ ҳаракат мекард.
- Умед, эҳтиёт шав. Ман ҳамаашро бахшидам. Бас! Ба ҳамааш розӣ. Маошатро баланд мекунам. Худро ба даст гир! Ба қафо дигар нарав!
- Маоши баландат аз сарват монад.
Умед як қадами дигар ба қафо гузошта буд, ки пояш лағжида ба замин сарозер шуд. Ӯ аз ошёнаи севум афтид. Дарҳол вайро ба беморхона бурданд. Вақте ба ҳуш омад табибон гуфтанд, ки дигар роҳ ва сухан гуфта наметавонад. Умед инро шунида, гӯё аз сараш сатили об рехтагӣ барин шуд. Чун табибон рафтанд модараш аз дар омад.
- Салом ба ту писарам.
- Ҳа модар, боз чӣ мегӯед? Ба ҳоли ман хандиданӣ омадед? - мегуфт дар дил. Чун аз забон боз монда буд.
- Писарам, ту фурсат доштӣ. Аммо, боз ноҳақӣ кардӣ. Ин ҷазо барои амалҳои кардаат. Ту ба суханони модарат гӯш надодӣ.
- Ииииимммм... ииииммм- гӯён аз хоби гарону даҳшатовар хест. Сару рӯяш арақшор буданд. Дарҳол як пиёла обро нӯшид.
- Эҳ, хайриҳат хоб будааст. Ба хоб чиҳо намедарояд. Дар як дам ҳам бепову ҳам безабон шудам. Тавба тавба...
ИНЧУНИН, ХОНЕД:
Аз байн ду моҳ гузашт. Умед бо арраи худбури овардааш кундаҳои дарахтони кӯҳнаро мебурид. Духтарчааш ба шавқ ба кори падараш менигарист. Ӯ ҳам мехост мисли падараш кундаҳоро бурад. Вале дар назди падар барои ибрози хоҳишаш ҷуръат накард. Зеро падараш барои бо арраи худбур кор кардани духтарчаи хурдсол ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешуд.
Ҳамин замон ба телефони Умед занг омад. Ӯ телефонро гирифту барои сӯҳбат кардан ба хона даромад. Духтарча аз набудани падар истифода карда, ба назди арра рафт. Барои бардоштани он қуввааш намерасид. Ӯ фикр мекард, ки то омадани падар ду-се кундаро бурида, ба вай кӯмак мерасонад.
Духтарча ба назди арра наздиктар шуд. Аввал ба гирду атроф назар дӯхт. Дар рӯйи ҳавлӣ ҳеҷ кас набуд. Модараш дар ошхона машғули пухту паз ва падараш бо телефон сӯҳбат мекард. Духтарча баъди он ки ба ҳеҷ кас набуданаш бовар ҳосил кард, оҳиста тугмаи арраро пахш кард. Арра ҳамон замон ба кор даромада, аз ҷояш парид ва нисфи як пойи нозуки духтаракро бурида партофт. Фиғонаш ба фалак печид.
Умеду Гулрӯ баробар давида омаданд. Духтарча аз ҳуш рафта буд. Як пояш назди чӯбҳо ғарқи хун меистод. Ӯро зуд ба беморхона бурданд. Гулрӯ ва Умед гӯё аз танашон ҷон баромада бошад бе ҳолу бемадор буданд...
Дар беморхона ба назари Умед модараш менамуд. Ӯ бо дидаи ашкбор ба писараш нигариста "ман нагуфта будам, ки ҳаққи кас заҳри бадан аст. Духтарат гуноҳҳои кардаи туро ҷуброн мекунад. Духтарат қурбони нокасиҳои ту шуд", мегуфт. Умед дар беморхона дод зада фиристод.
- Айби ман нест. Ман дузд нестам. Гуноҳи ман нест, - худ ба худ дод мезад Умед.
Духтурон дарҳол омада, ба вай сӯзандоруи оромкунанда заданд. Вале вақте ба ҳуш омад ӯ аз ақл бегона шуда буд. Духтурон "ӯ дар ҳолати равонии сахт мондааст шояд замоне ба худ ояд" гуфтанд.
Умед ҳар касро бинад дастонашро дошта "меҳнати ҳалол кун, ҳаққи кас заҳри бадан аст, меҳнати ҳалол баракати зиндагӣ, пули бо роҳи ҳаром ёфтаам аз даҳону биниям баромад" мегуфт. Ӯ зери ҳар дарахт менишасту ёди гуфтаҳои модараш мекард. Вай аз кардааш сахт пушаймон буд. Бале пушаймон, ҳамон пушаймоние, ки ҳамагон вақти суд наоварданаш мекунанд.
Анҷом