Sebiston new 2024 october
Аз "Аҷинахона" то гӯри писари Алии Ҳамадонӣ
900

 

Аксарияти сайёҳон ба қалъаву кӯшк, чойхонаву мақбара ва мадрасаҳои таърихӣ таваҷҷӯҳи бештар доранд. Зеро ҳар як хишт ва девору дарвозаҳои мунаққашшуда баёнгари фарҳангу маданияти ҳамондавраи халқу миллатҳост.

Маҷмааи таърихии "Чор гунбаз" низ аз дастони моҳири устоҳои Истаравшан далолат медиҳад. Нигоҳбони ин мавзеъ Абдукарим Зубайров зимни суҳбат бо "Оила" гуфт, замоне   ин ҷоро мазори "Иллаллоҳ" меномидаанд. Ӯ ба мо дар бораи чӣ тавр сохта шудани ин мавзеи таърихии "Чор гунбаз" чунин нақл кард:

"Бобову бобокалонам ба мо нақл мекарданд, ки ин масҷид 250 сол пеш сохта шудааст. Вақте Эшони Авлиёҷон (Саид Низомиддин Хоҷа) ба шаҳри Истаравшан меоянд, барои буду боши худ ҷойи баландтарро интихоб мекунанд. Зеро он кас ҳамроҳи падарашон Саид Маҳмудхоҷа дар водии Зарафшон солҳо сокин буданду дар ҷойҳои баланд одат кардаанд. Баъдан, ба писарашон Эшони Муллоҷон тавсия медиҳанд, ки дар ҳамин мавзеъ масҷиде бунёд намоянд. Ҳамин тавр, масҷид бо чор гунбази мунаққаш ва се дари кандакоришуда сохта мешавад. Дар гунбазҳо абёти Саъдию Ҳофиз ва дигар шоирони классик бо ҳуруфи форсӣ навишта шудаанд. Замони сохта шудани масҷид онро мазори "Иллаллоҳ" низ меномидаанд. Ин обеъкти таърихӣ дар замони Шӯравӣ номи "Чор гунбаз"-ро гирифтааст. Дар замони Шӯравӣ якчанд объектҳои таърихӣ тахриб шуданд. Яке аз онҳо меҳмонхона буд, ки бо тамоми сабку услуби меъмории қадима дар қафои масҷиди "Чор гунбаз" сохта шуда буд. Он вақт хишту чӯбҳои онро канда, барои кадом сохтмоне истифода бурдаанд" - қайд намуд, зимни сӯҳбат нигаҳбон ва аз авлодони Эшони Авлиёҷон, Абдукарим Зубайров.  

Дигар мавзеъи таърихӣ-сайёҳии ин кӯҳандиёр деҳаи Боботағои Валӣ аст. Дар ин макон ёдгориҳои меъморӣ хеле зиёд буда, яке аз онҳо масҷиди Боботағои Валӣ мебошад. Ин обеъкти таърихӣ ба асри 15 тааллуқ дошта, аз ҷониби Боботағо ном шахс сохта шудааст.

Зиёдулло Абдуқодиров, сокини деҳа, ҳангоми сӯҳбат дар бораи кай сохта шудани масҷид ва ривоятҳои мардумӣ перомуни Боботағои Валӣ ба мо чунин нақл кард:

"Номи аслии Боботағои Валӣ маълум нест. Тибқи ривоёте, ки то ба мо расида омадааст, хоҳарашон дар деҳаи Ругунд маскун будаанд. Вақте Боботағои Валӣ ба дидорбинии хоҳарашон мераванд, ҳини бозгашт якчанд кӯдакон он касро "сангборон" мекунанд. Боботағо аз дасти онҳо халос хӯрда, дар манзиле менишинанд. Сипас, марди деҳқонеро мебинанду мепурсанд, куҷо меравед? Деҳқон мегӯяд, ки мавсими ҳандалак асту барои кишт меравад. Боботағо ба деҳқон мегӯянд, ки вақти бозгашт ҳаққи маро биёред. Ҳамин тавр, марди деҳқон ҳандалакҳояшро кишт мекунад ва баъди пурра кишт карда шудан мебинад, ки дар кишти аввал ду дона ҳандалак пухта расидааст. Деҳқон дар ҳайрат мешавад, зеро нав кишту кор оғоз шудаасту ҳосили ҳандалак ғайриимкон аст. Қисса кӯтоҳ онро ба Боботағо меоранд. Боботағо як ҳандалакро гирифта, дуввумиро ба деҳқон медиҳад, то ҳамроҳи фарзандонаш тановул кунад. Ҳамсари деҳқон аз шавҳараш хоҳиш мекунад, ки ҳандалакро ба мири шаҳр барад, то бар ивази ин ҳадяи ғайричашмдошт инъоме диҳад. Мир баъди гирифтани ҳандалак нозиронашро назди Боботағо мефиристад. Нозирон ҳар бор дучори фалокате мешаванд. Ахиран, худи амир бо нияти пок назди Боботағои Валӣ меоянд. Амир мехоҳад Боботағоро ҳамроҳи худ барад. Он кас хоҳиш мекунанд, ки дар мавзеъи ҳозира масҷиде бунёд намоянд. Ҳамин тавр, масҷид бунёд мешавад. То куҷо ҳақиқат доштани он маълум нест. Ин танҳо ривоёти мардумӣ аст", - гуфт ӯ зимни сӯҳбат.

Бинои аслии масҷид, ки асри 15 қад афрохтааст, аз айвони сутундор, як гунбази калон, ду чиллахона, ду тиреза ва се дар иборат аст. Бино тарзе сохта шудааст, ки барои васеъ паҳн шудани овоз кӯмак мерасонад. Бо мурури замон, дар ин макон манора ва биноҳои иловагии масҷиди Боботағои Валӣ сохта шудаанд. Дар ин мавзеъи таърихӣ мақбараи Боботағои Валӣ низ мавҷуд аст.

Дар шаҳри таърихии Истаравшан шумораи чанорҳои бузургу таърихӣ хеле зиёданд. Калонтарин чанори ин шаҳр дар деҳаи Сари Мазор ҷойгир аст. Дар ин мавзеъ се чанори бузург мавҷуд буда, ҳар яке умри 800-сола доранд. Дар бузургтарин чанори ин ҷо агар 18 нафар ҳалқа шуда, дасти ҳамдигарро доранд, метавонанд гирди дарахтро пур намоянд.

"Боре 18 нафар сайёҳони хориҷӣ гирди он ҳалқа шуда, инро тасдиқ кардаанд. Назар ба ривоятҳо ин чанор асои Махдуми Аъзам (Абӯмӯсо Вазеҳӣ) будааст, ки онро худи он кас гузоштаанд. Асо бо мурури замон сабзида, ба чинор табдил ёфтааст. Тибқи ривояти дигар Махдуми Аъзам, писари Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ, будаанд. Вақте бо дуои падар Махдуми Аъзам ба сафар мебароянд, падарашон асоеро медиҳанду мегӯянд, ки асо куҷое қарор гирад, дар ҳамон ҷо сокин шавед", - гуфт ӯ.

Ҳамин тавр, асо дар деҳаи Сари мазори Истаравшан рост истода будааст. Махдуми Аъзам дар ин деҳа зиндагӣ карда, бо омӯхтани илм машғул шудаанд. Пас аз вафоти эшон мақбараи Махдуми Аъзам сохта шудааст. Дар ин ҷо аз авлодони Махдум низ дафн шудаанд.

Гуфта мешавад, ки чунин шакли мақбара дар Истаравшану Кӯлоб ва Хоразми Ӯзбекистон будааст, ки дар шаклу намуд ба ҳам монандӣ доштаанд. Ин аз он далолат медиҳад, ки ҳар мақбара ба як авлод тааллуқ дорад.

Ин деҳаи таърихӣ замоне Саримарза ном доштааст, чун ин мавзеъ макони кишт будааст. Баъди он ки Махдуми Аъзам ба ин ҷо мадфун мешаванд, бо мурури вақт Сари марза номи Сари Мазорро мегирад.

Бинои таърихии дигар ки дар ин деҳ ҷойгир аст "Аҷинахона" ном дорад. Чаро чунин ном гирифтани он маълум нест. Ин мавзеъ замоне ҳамчун масҷид истифода мешудааст. Ин рӯзҳо ҳамчун ёдгории таърихӣ ҳифз карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Муъчиза 2023-07-18, 07:39
Агар аз чинору масчидхо акс мегузоштед боз хуб мешуд.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Муъчиза 2023-07-18, 07:39
Агар аз чинору масчидхо акс мегузоштед боз хуб мешуд.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД