Formula novemver 2024
Заҳри бадан (қисми 2)
1771

Давомаш ...

Суханҳои модараш ҳамоно дар гӯшаш садо медоданд. Умед ба дарёи фикр фурӯ рафта, ба коргоҳ расид. Чун ҳаррӯза дар ин бинои сохтмонӣ кор бо ҷӯшу хурӯш идома дошт. Ӯ ба ҳамаи кормандон барор хоста, ба утоқаш рафт. Дасту дилаш аз кор хунук шудагӣ барин ҳеҷ маҷоли кор кардан надошт.

Вай дар ин бинои сохтмонӣ асбобу масолеҳҳои сохтмониро нигаҳбонӣ мекард. Ҳама таҳти назорати Умед буд. Ҳар чизеро, ки гиранд, бо иҷозат ва имзои ӯ мегирифтанд. Роҳбари сохтмон ба вай боварии калон дошт. Ҳатто ҳисобу китоб ҳам намекард. Вале Умед ба ӯ хиёнат карда, баъзе асбобу масолеҳро дуздида, ба хонааш мебурду пинҳонӣ мефурӯхт. Ин кори ӯ қариб се сол давом ёфт. Касе аз ӯ шубҳа ҳам намекард, ба қавле "усто"-и кори худ буд. Аз ин рӯ, гоҳ-гоҳ модари барвақт аз дунё рафтааш ба хобаш медаромаду писарашро ба ҳалолкорӣ даъват мекард...

Умед аз хобҳои дидааш сабақ намегирифт. Балки онро як рӯъёҳои "бемаънӣ" меҳисобид. Имрӯз ҳам чун ҳарвақта кор тамом шуд. Баъзеҳо ҳамин ҷо хоб карданду баъзеи дигар ба хонаашон рафтанд. Умед дар фикри он афтод, ки арраи худкорро чӣ тавр ба хонааш бараду онро фурӯшад.

Нисфи шаб буд. Сукут ва зулмот ҳама ҷоро фаро гирифт. Ҳамаи кормандон дар хоб буданд, ба ҷузъ Умед. Ҳатто посбон ҳам хоб буд, зеро ба ӯ бовар доштанд. Вай оҳиста ҳамон арраи худкори тагичашмкардаашро гирифта, аз коргоҳ баромада, дарро маҳкам кард. Дар ин бинои сохтмонӣ ду нафар калид дошт - яке Умед ва дигаре посбон.

 

Гулрӯ аз дер кардани шавҳараш ба хавотирӣ афтода, чанд бор ба дари кӯча назар кард. Вале, қариб то соати 00:00-и шаб аз Умед дарак нашуд. Шавҳараш ҳамин гуна одат дошт. Гоҳ-гоҳ дер меомад, аммо бо дастони пур. Баъдан ба Гулрӯ "хобам бурдааст" ё "кор бисёр шуд" гуфта, баҳона пеш меовард. Ин бор ҳам чунин шуд.

- Э мардакҷон, омадед? То нисфи шаб куҷо будед?

- Дар кор будам, занак. Медониӯӣ, - ку кори мо бисёр аст, - чашм гурезонда, ҷавоб дод Умед.

- Не, Шумо дар кор набудед! Шумо аниқ ягон зан ёфтаед! Дар пеши кӣ будед? Ба оғӯши кадом хонасӯхта...? Аз вақте ки оиладор шудем, шумо дер меоед, - шавҳарашро суолборон кард Гулрӯ.

Ӯ ба дасти шавҳараш нигариста, боз пурсид:

- Ин чист?

- Ин арраи вайроншуда барои таъмир овардам. Пагоҳ бурда медиҳам. Аз пушти ҳамин дер кардам. Ту бошӣ аз пашша фил сохта, дар як дам маро занакбоз баровардӣ. Наход ман туву духтарамро гузошта домани зани дигарро гирам? - ғазаболуд шуд Умед.

- Мардакҷон, бубахш маро! Охир, дар дили ҳар зан аз кор дер омадани шавҳараш шубҳа бедор мекунад.

- Наход ту ба ман бовар накунӣ? Даҳ сол аст, ки дар як болин сар мегузорем, вале ба ман бовар надорӣ. Охир, ман баҳри шумоён зиндагӣ мекунам, - ку?

ҲАМЧУНИН:

МАРГИ БАХИЛ

- Дуруст, бахшиш пурсидам, - ку? Э, гуфтагӣ барин, мардакҷон, шумо Азизро мешиносед, - а?

 

- Кадом Азизро?

- Ҳамон Азизи дузд ҳаст, - ку? Чанд маротиба дар корхона болои дуздиаш қапида буданд. Вале, раҳми кӯдаконашро хӯрда, ҳатто аз кор ҳам наронда буданд.

- Чӣ шудааст ба вай?, - таҳайюромез пурсид Умед.

- Хонааш оташ гирифтааст. Тамоман дар гирифта, хокистар шудаанд.

- Чӣ, хонааш сӯхтааст?, - рангу рӯяш парида, гуфт Умед.

- Бале. Дар маҳалла овоза аст, ки ҳатто тиллоҳои ба рӯзи мабодо гуфта, гирифта мондаашро ёфта натавонистааст. Ҳозир ба қавле кафангадо шудааст. Ҳама мегӯянд, ки ҳаққи кас як рӯз не як рӯз, ана, ҳамин хел даҳчанду садчанд шуда, мебарояд. Дуздӣ кард, қаллобӣ кард, ноҳақ моли касро ба хонааш кашонд, ҳамин хел заҳри баданаш шуд, ки ...

- Шуууд, бааас... Дигар ба ман дар бораи ӯ ҳарф назан. Дигар ба ман дар бораи ҳаққи кас гап назан. Ӯро ҳам фаҳмидан мумкин аст. Шояд шароиташ вазнинӣ кардагист...

- Агар дар ин дунё ҳама "шароитам вазнин" гуфта, дуздӣ кунад, қаллобӣ кунад, пас, чӣ мешавад? Мард фарзандонашро, оилаашро набояд бо пули ҳаром таъмин кунад. Ба онҳо пули ҳаром рӯзии ҳаром набояд хӯронад. Модаратонро медонед, ки чӣ хел ҳалолкор буданд? То охири нафас меҳнат карданд. Ҳатто аз пули фаррошиашон ба хонаи ятимон, ба камбизоатон хайр карда меистоданд. Дар ёдатон бошад, мегуфтанд, - ку дар касбу кори ҳалол Худованд баракати фаровон медиҳад.

- Азизро ҳам фаҳмидан мумкин. Охир, вай.... - давоми суханашро нагуфта, Гулрӯ гуфт.

- Э, ин қадар тарафи ҳамон як қаллоби дуздро гирифтед. Ё Шумо ҳам....

- Чӣ?, - ба рӯйи занаш бо шаст даст бардошт Умед вале....

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД