arzon replenishment
Заҳри бадан
2173

 - Писарам, ману падарат туро ҳалол хӯронда, ҳалол пӯшонидаем. Ҳар ду рӯз то бегоҳ бо арақи ҷабину обилаи дастон кор карда, пули ҳалол гирифта, дар роҳи дурусту пок сарф кардаем. Ин коре, ки ту мекунӣ, на танҳо ҷазои дунёӣ, балки ухравӣ ҳам дорад.

- Эй модар, коре, ки ман мекунам, ҳалол аст. Фақат бароям маоши кам медиҳанд. Ман онро аз дигар тараф ҷуброн мекунам. Ҳамин қадар меҳнат мекунед, аз дуздон ҳифз мекунед, шабу рӯз дар ҳамон ҷо посбонӣ мекунед боз маоши медодаашон....

- Писарам, мо ба ту қаноат карданро омӯзонидем. Худ ба будаш шукру ба набудаш қаноат кардем. Меҳнати мекардаи мо аз кори ту ҳам вазнинтар буд.

- Қаноат кардед?! Охир, маро ба як бурда нон зор, ба як либоси нав мӯҳтоҷ карда, ба воя расонидед. Либоси кӯҳнаи ҳамсояро пӯшонидед, дарбеҳ кардед, дӯхтед. Бозичаҳои шикаставу вайронаи дигар кӯдаконро бозӣ карда, калон шудам. Ҳама боғча рафтанд, ман бошам...

- Аз ту ҳалол, луқмаат пок буд! Ҳар чӣ кардем аз роҳи ҳалол буд.

- Э, чӣ ҳам кардед?! Бо маоши фаррошиатону бо пули мардикории падарам ба ман қаср бунёд кардед? Аз пушти ҳамин "меҳнати ҳалол"-и шумо то ҳол таъна мешунавам. Ҷӯраҳоям аз хурдӣ то имрӯз санги маломат мезананд, ки модарат як фарроши одиву падарат як мардикор буд.

- Писарам, ҳеҷ гоҳ аз мо ор накун! Мо баҳри ояндаи ту то охирин нафас меҳнат кардем.

- Ман ҳам барои ду фарзандам ин корҳоро мекунам. Намехоҳам кӯдакии ман дар инҳо такрор шавад. Намехоҳам онҳо мисли ман лаззати кӯдакиро начашида, пир шаванд. Намехоҳам назди дӯстонашон мисли ман сархам ба воя расанд.

- Ин корҳоро метавон бо меҳнати ҳалол анҷом дод. Фақат сабуриву таҳаммулу тааммул лозим аст. Писарам, агар ҳалол меҳнат кунӣ ба ҳамон сарвату давлати мехостаат мерасӣ.

- Кай? Баъди оне, ки як поям ба лаби гӯр расад? Модар, хубаш маро ба ҳоли худам гузоред. Дигар ман кӯдак нестам, медонам, ки чӣ бояд карду чӣ не.

- Писарам, меҳнати ҳалол кун, зеро ҳаққи кас заҳри бадан мешавад. Фақат ва фақат ҳалол кор карданро фаромӯш накун!

- Бааас, бааас дигар шунидан намехоҳам.

- Фақат ва фақат ҳалол.....

- Бас аст, модар! Бас!, - Умед ногаҳон аз хобаш парида хест.

Ӯ ҳанӯз "бас, кифоя" мегуфт. Даҳҳо маротиба ба хобаш даромадани модар Умедро бесаранҷом кард. Сахт тарсид. Ҳамсараш аз ҳавлӣ давида омада, пурсид.

- Чӣ шуд дадеш? Чаро дод задед?

- Соат чанд шуд? - ба суоли ҳамсараш бо суол ҷавоб дод Умед.

- Соат 5-и саҳар. Тинҷӣ аст? Хоб дидед?

- Бале хоби бад, ниҳоят бад.

- Чӣ гуна хоб будааст, ки Шуморо ҳам дар хавотир гузошту ҳам тарсонд? - кунҷкобона пурсид Гулрӯ.

- Занак, маро ба ҳолам гузор. Ин қадар аз ҳар тараф ба ман ҳуҷум мекунед. Вақташ расад баъд ба ту мегӯям. Фаҳмидӣ? - Умед осемасар аз хона баромада ба кор рафт.

- Охир, ношто накардед. Ҳама чиз омода аст. Бо дили гурусна ба кор, - аз қафояш ҳайрон-ҳайрон нигарист арӯсак.

Умед раҳораҳ фикр мекард, кӣ чаро модараш ин қадар зиёд ба хобаш медарояду ӯро метарсонад? "Наход дар роҳи каҷ бошам? Баъзеҳо ҳамин тавр мекунанд, - ку? Мана, падари ҳамснифам Хусрав бо ҳар роҳ тавонист пули зиёд ҷамъ кунад. Зиндагиаш хуб асту бало назадааст. Боз одамон "ҳаққи кас заҳри бадан мешавад" мегӯянд. Аввал камтар маблағ ҷамъ мекунӣ. Баъд, ки пулат зиёд шуд, аз он хайр мекунӣ. Эҳ, ҳар чӣ бодо бод! Охир, барои ояндаи фарзандонам мекунам, - ку?! Ғайр аз ин, ба ин меҳнати ман роҳбарамон музди кам медиҳад. Ман ҳамон пулро аз дигар тараф мебарорам", - худ ба худ муколама мекард Умед. Вале ...

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД