Солҳои охир вайроншавии оилаҳо дар ҷомеаи мо зиёд ба назар мерасад. Кор ба ҷое расидааст, ки баъзан ҳатто сабабҳои ночизе аз қабили ҷиҳози қиматбаҳо наовардани арӯс боиси пош хӯрдани оилаи ҷавон мегардад. Волидоне, ки танҳо ба хотири чизу чора шуда, писарашонро маҷбур месозанд, ки занашро талоқ диҳад, ба ғазаби худо гирифтор мешаванд. Гумон накунед, ки шумо бою бадавлат ҳастад ва бе ягон душворӣ боз тӯю тамошо ороста, писаратонро медиҳед. Аз оҳи дили он арӯси бегуноҳ битарсед, зеро Худованд метавонад барои залм кардан ба бандааш бар шумо ғазаб намуда, ба саратон бало ё фалокати азимеро биёрад, ки бар асари он дар як мижа задан тамоми дороиятон барбод хоҳад рафт. Беҳуда нагуфтаанд:
Битарс аз оҳи мазлумон, ки ҳангоми дуо кардан,
Иҷобат аз дари ҳақ баҳри истиқбол меояд.
Яке аз сабабҳои афзудани теъдоди талоқ дар ҷомеа огоҳ набудани ҷавонон аз аҳкоми никоҳу талоқ мебошад. Аз ҳамин сабаб ҳангоми шунидани хабаре дар нисбати ҳамсари худ аз сари қаҳру ғазаб якбора ибораи « се талоқ»-ро ба забон меоранд, ки дигар ҷои бозгашт надоранд. Гоҳо чунин мешавад, ки баъди се талоқ додани мард ҷонибҳо аз карда пушаймон гашта, ба ҳуш меоянд. Вақте ба фикри кўдакони хурдсол меафтанд ва чеҳраҳои ҳайрону бегуноҳи онҳо пеши назар меояд, хонаву ашёи он тақсим мешавад, баъд ба хатои кардаашон пай мебаранд, вале пушаймониву хосгори сулҳу оштӣ шудан дигар фоида надорад, зеро баъди «се талоқ» зан бар шавҳар ҳаром гашта, дигар руҷуъ (бозгашт) имкон надорад. Агар мард занро ноҳақ (бе ягон сабаби ҷиддӣ, масалан беҷогардӣ) талоқ дода бошад, зулм аст, чунки дигар камбудиҳоро, ғайр аз беҷогардии зан, ислоҳ кардан осон мебошад.
Бисёриҳо баъди ҷудошавӣ аз карда пушаймон гашта, фатво мекобанд, то дубора ҳамсари собиқашонро ба никоҳи худ дароранд. Иддае ба ин тоифаи мардон «маслиҳат» медиҳанд, ки ба хотири дубора гирифтани зани собиқаш бояд ягон нафар ҳамсари ўро тавассути никоҳи муваққатӣ «ҳалола» кунад, яъне шахсе чанд муддат бо он зан никоҳ карда, зиндагӣ намояд, баъд ӯро талоқ диҳад, то шавҳари аввалааш дубора бигирад. Дар ҳадиси набавӣ ба марде ки ба чунин амал розигӣ медиҳад ва он марде, ки зани он шахсро «ҳалола» мекунад лаънат омадааст.
Мақсад аз никоҳ бояд зиндагии доимӣ башад на муваққатӣ. Дар сурати муваққатӣ будани никоҳ оила муқаддасии худро гум мекунад, бинобар ин дар зиндагӣ ҷиддӣ рафтор карда, одоби оиладориро бояд риоя намуд, то кор ба ҷудоӣ накашад.