Arzon march 2024
ЗАНҲОИ БОЗОРЧӢ ҲАМДИГАРРО ЛАТУ КӮБ КАРДАНД!
2642

Бозорнишинӣ кори саҳл нест. Гоҳҳо чунин ҳам мешавад, ки бозонишинон аз субҳ то шом интизорӣ мекашанду ягон харидор намеёбанд. Барои фурӯши бор ва ҷалби мизоҷ миёни савдогарон, алалхусус занон дар аксари мавридҳо ҷанги забонӣ сар зада, он бо лату кӯб ва ҳолатҳои аз ин ҳам вазнинтар меанҷомад. Айнан чунин ҳодиса чанд рӯз қабл дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд сар зад.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд алайҳи як зани ҷавони фурӯшанда, ки дар латукӯби зани фурӯшандаи дигар муттаҳам мешавад, бо ҷурми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин ду фурӯшанда барои тиҷорате дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд даст ба гиребон шудаанд.

Ҷанҷоли ин ду савдогар дар назди маркази тиҷоратии “Барфак” воқеъ дар кӯчаи “Шарқ”-и шаҳри Хуҷанд, ҳудуди бозори Панҷшанбе “барои савдо” сар задааст.
Акбар Шарифӣ, масъули матбуоти Раёсати корҳои дохилии Суғд гуфтааст, ки ба далели ин ки парванда ниҳоӣ нашудааст, аз расонаӣ кардани номи онҳо худдорӣ мекунад. Бинобар гуфтаи Шарифӣ, фурӯшандаи 32-сола бо як фурӯшандаи дигари 47-сола, ки ҳарду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд, рӯзи 2-уми апрел даст ба авбошӣ задаанд.

“Ҳар дуи соҳибкорзанон барои савдо ҷанг кардаанд. Соҳибкорзани ҷавон дар пайи ҳиссиёти авбошӣ нисбати як соҳибкорзани дигари 47-сола суханҳои қабеҳ гуфта, ӯро латукӯб ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст”.
Мақомоти милиса рӯзи 13-уми апрел аз рӯйи ҳодисаи авбошӣ нисбат ба фурӯшандаи 32-сола бо моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД