Албатта писару духтар ҳарду фарзанд ва беҳтарин неъмати худованд ҳастанд, вале аксари мардон орзуи писардор шуданро доранд, зеро барои мардуми Шарқ, аз ҷумла барои мо, тоҷикон маҳз писар меросхӯр ва асои даврони пирии волидон ба шумор меравад...
Бино ба маълумотҳои оморӣ тавлиди писарон нисбат ба духтарчаҳо дар Вилояти Суғд рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Ба иттилои масъулини идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Вилояти Суғд (САҲШ) дар соли 2022 тавдили писарчаҳо нисбат ба духтурчаҳо зиёдтар шуда, дар маҷмуъ соли равон 22946 тифли навзод ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта наздики 1000 адад зиёд аст. Мутахассисони САҲШ-и Вилояти Суғд мегӯянд аз шумораи умумии навзодон 11940 писарча ва 11042 духтарча ба қайди давлатӣ гирифта шуда, тавлиди писарчаҳо нисбати духтарчаҳо 862 нафар зиёдтар мебошад.
Мардони писарталабу ношукрзиёданд
Тавре ки дар оғзи матлаб қайд кардем, аслан фарзанд доди худост ва онро ба духтару писар ҷудо кардан хатост. Аммо дар ҷомеаи суннатии мо қариб 90%-и мардон мехоҳанд фарзанди нахустинашон маҳз писар бошад. Кам нестанд оилаҳое, ки бо сабаби духтар таваллуд кардани зан пош мехӯранд.
Баъди омори мақомоти САҲШ-и вилоятро ба даст гирифтан ҳодисае ба ёдам расид. Зане саросемавор аз таваллудхона берун омад ва бо садои баланд аз ҷавоне шодиёна хоста гуфт, ки ҳамсараш духтарча таваллуд кардааст. Бо шунидани ин хабар ҷавон ба ҷойи хурсанд шудан якбора андуҳгин шуда, бо ғазаб чанд мушт бар сари худ зад ва такрор ба такрор гуфт: «Охир духтурҳо гуфта буданд, ки писардор мешавӣ, на духтар…»
Ҳамин тавр он ҷавон ба ҷойи хушҳолӣ аз атои Илоҳӣ, ки барояш дуюмин духтарчаи солимро ҳадя намудааст, даст афшонда аз ҳавлии зоишгоҳ баромада рафт.
Барои 5 духтар таваллуд карданам
шавҳарам маро партофта рафт
Мӯҳтарам Салоҳиддинова, ки қаблан дар борааш бо умеди дарёфти кумак гузориш дода будем, сабаби пош хӯрдани оилаашро дар тавдили пай дар пайи 5 духтар медонад. Ба гуфтаи ӯ ҳар гоҳе, ки духтар ба дунё меовард, рӯзи сагро медид. Шавҳараш ва на аҳли оилаи ӯ ба саломатии модару кӯдак пушти нохун барин эътибор надода, мудом “ту ғайри духтар зоидан ягон ҳунар надорӣ” гуфта, таънааш мекардаанд.
Аз нақли Муҳтарам чунин бармеояд, ки билохира хушдоманаш аз духтарзоии ӯ безор шуда, ба шавҳараш гуфтааст, ки бо вай келини духтарзой даркор нест, ҷавоби занашро дода, занги дигар бигирад, зеро ӯ келини писарзой мехоҳад.
Айни ҳол Мӯҳтарам, ки аслан сокини шаҳри Истаравшан мебошад, дар шаҳри Хуҷанд иҷоранишин аст. Ин зан модари 5 духтар буда, зиндагии сангине дорад. Бар замми бекорию иҷоранишинӣ шавҳараш зани дигар гирифта, модар, зан ва 5 духтарашро ба ҳоли худ монда рафтааст. Зан бо умеди кӯмак дари даҳҳо мақомотро куфта бошад ҳам, то ҳол сарсону саргардон аст. Вай мегӯяд, духтар ҳам фарзанд аст ва аз писар дида, меҳрубону дилсӯзтар, вале шавҳари ношукраш ин 5 духтари ба меҳру парастории падар муҳтоҷро дар чорсӯйи зиндагӣ ба ҳоли худ партфта, бо зани дигар айшу нӯш карда гаштааст.
Магар мардоне, ки аз духтар ношукрӣ карда, мисли шавҳари Муҳтарам аз баҳри духтарҳояшон гузашта, пеши зани дигар мераванд, боре ҳам бо марди бефарзанде, ки ба нохуни пойи кӯдак зор ҳастанд, сӯҳбат накардаанд? Магар тарси худованд дар вуҷуди эшон нест, ки аз беҳтарин неъмати ато намудаи Офаридгор-духтар ношукрӣ мекунанд?!