arzon replenishment
Занкалон (ҚИСМИ 2)
1693

Ростӣ, гумон мекардам, ки дар ватан дигар маро касе интизор нест, аз ин рў, пас аз як сол ба хабаргирии наздиконам омадам ва бо маслиҳати амаки меҳрубонам акаамро зан додем. Келинамон духтараки хубу дидадарое буду ҳама инҷиқиҳои падарамро мебардошт.

Ман пас аз тўйи бародарам боз ба ҷойи корам рафтам ва гумон доштам, ки хонаамон акнун соҳибаашро ёфт, зеро келинамон духтари ҳунарманду сарфакоре буд.

Ишқи пирӣ

Падарам бо ҳамсари аввалааш даҳ сол зиста, фарзанд намеёбаду баъд модари ҷавони маро ёфта, хонадор мешавад, фарқ байни падару модарам дувоздаҳ сол буд ва падари профессори ман дар синни шастсолагӣ ба пирдухтари 40- солае ошиқ мешавад. Мо ба ин зид набудем, зеро аз марги модарам се сол гузашта буд. Чун медонистем, ки падарам ду хонаи дуҳуҳуҷрагиӣ ва ҳавличае низ дошт, розӣ шудем, ки зан гиранд. Ман дигар ба ватан баргаштанӣ набудам ва бароям фарқ надошт, ки падарам киро мегирад, вале амакаму бародарам мехостанд, ки ў на пирдухтар балки зани шавҳардидаеро ба занӣ гирад. Аммо падарам ошиқ шуда будаасту он духтарро ба занӣ гирифт, албатта барои ман аламовар буд, ки ба ҷойи модарам ким-кӣ ба хонаи мо омада, зиндагӣ мекунад, вале худро ором мекардам, зеро тақдирро табдир набуд. Аммо падарам ба хотири гапи арўсаш дар синни шастсолагӣ домод шуда, дар тарабхона тўй кардааст, модари бечораи ман метарсид, ки дар кўча дар паҳлўи шавҳари профессораш қадам занад, вале ким-кадом як пирдухтар ўро маҷбур кардааст, то дар мўйсафедӣ ҷомаи домодӣ пўшида, шаҳ шавад! Аз шунидани ин хабар як моҳ бо ҳолати хеле бади рўҳӣ гаштам, вале боз модаракам дар хобам аз шавҳараш пуштибонӣ кард… Ў маро ҷанг мекард, ки чаро гапи падаратро мегардонӣ, ҳол он ки ин воқеа рўй надода буд, яъне модарам намехост ман аз падарам хафа бошам. Шояд, бо ин ҳам муросо мекардам, вале…

Шартҳои пирдухтар

Пас аз ду моҳи зиндагӣ арўси падарам шарт мондааст, ки хонаи акаамро ҷудо кунанд. Катагиро бинанд, пирдухтари то дирўз дар орзуи шавҳар ба хонаи бо хуни дил обод кардаи модари бечораи ман соҳиб шуда, акаамро аз он ҷо баровард. Хайрият, падарам ба онҳо як хонаи дуҳуҷрагиро тўҳфа кардааст, агар дар миён амакаму хешу табори дигар намедаромаданд, шояд, бародарам бо оилааш дар кўча мемонд.

(Давом дорад)

МАНЗУРА

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД