Шавҳари ман мардикор аст ва 17-сол боз ба Русия рафта меояд.
Аввалҳо зиндагии ширин доштем, вале баъд духтараки бероҳае шавҳарамро аз роҳ баровард. Бунафша ном дорад он маккора, ҳар гоҳ, ки ба падари фарзандонам занг занам, гӯшакро ӯ бардошта, дузди зӯр соҳиби молро бастааст гуфтагӣ барин, бо ман ҷангу ҷанҷол мекунад. Чандин бо ба хубӣ фаҳмондам, ки шавҳари ман марди оиладор аст, хоҳ-нохоҳ ӯ ба назди фарзандонаш бар мегардад, беҳуда ба умеди вай нашав, аммо ин духтари шаттоҳ “Хестӣ, ки хобӣ, шӯйи ту чунон ошиқи шайдои ман гаштааст, ки мур гӯям, мемурад. Вай дигар ҳаргиз ба назди ту ва бачаҳои фисинат намеравад” гӯён ба ҳолам механдад. Дидам, ки бо ин духтар гап задан маънӣ надрад, кофта- кофта хонаи падару модарашро ёфтам ва найрангҳои духтарашонро нақл кардам. Шарму ҳаёро надониста гуфтанд, ки Бунафша кӯдак нест, ки мо ӯро насиҳат кунем. Вай аллакай се бор шавҳар карда, пастию баландиҳои ҳаётро хуб медонад. Дилаш касеро хоҳад, бо ҳамон зиндагӣ мекунад! Проблемаи Бунафшаро ба мо гап назан, мо ба вай кор надорем!”
Писаронам ду сол боз рӯи падарашонро надидаанд. Чашмаконашон мудом ба дар аст, ки ҳозир дадаҷонашон аз дарвоза медарояд, вале падари ба доми зани шаттоҳ афтодаашон заррае парво надорад. Хушдоманам “писарам кай меомада бошад?” гуфта, гирёну нолон дар рӯи бистари беморӣ хоб аст. Мо ҷабрдидаи ягона нестем, ин духтари беҳаё се оилаи дигарро вайрон карда, занҳои бечораро бе шавҳару кӯдаконашонро бе падар гардонидааст. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ тавр шавҳарамро аз доми ин занишавҳардузд халос кунам?
Фотима, аз ш. Ваҳдат