Arzon march 2024
Зани рус дар мошини муҳоҷири тоҷик писар таваллуд кард
505

Як зани рус дар мошини муҳоҷири меҳнатии тоҷик писар таваллуд кардааст. Навори тавлиди тифл дар дохили таксӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр зада, корбарон ба ронандаи тоҷик Толиб Набиев, ки дар ба дунё омадани тифл ёрӣ расонидааст, аҳсан мехонанд.

Толиб Набиев аз зумраи он муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мебошад, ки бо таксиронӣ дар Русия ризқу рӯзии худро меёбанд. Ӯ дар шаҳри Маскав таксӣ меронад. Ин марди меҳрубон ба як зани рус дар ба дунё овардани фарзандаш ёрӣ расонидааст.

Ҳодисаи тавлиди тифл дар дохили таксӣ вақте рӯй додааст, ки то расидан ба таваллудхона ҳамагӣ 700 метри дигар роҳ монда будааст. Зан, ки ҳамроҳи шавҳараш ба таксӣ нишаста, ҷониби таваллудхона равон буданд, ҳис мекунад, ки замони тавлиди кӯдак фаро расидааст ва дигар ин ҷараёнро боздошта намешавад.

Ҳолати занро пай бурда, шавҳараш ва ронандаи тоҷик Толиб Набиев ба ӯ ёрӣ мерасонанд, ки дар дохили таксӣ фарзандашро ба дунё орад.

Навзод писарча буда, баъди ба дунё омадани кӯдак Толиб Набиев модару навзодро ба таваллудхона бурда, ба дасти табибон супурдааст.

Вазъи сиҳатии модару кӯдак хуб аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД