Занро мураббии башарият меноманд, зеро дар баробари олиҳаи ҳусну зебоӣ ва фариштаи меҳру садоқат буданаш, дарси одаму одамгирариро ба фарзанди инсон меомӯзад, вале бадбахтона дар байни бонувон баъзе занони тирадилу бехираде пайдо мешаванд, ки даст ба қаллобӣ, дуздӣ, зинокорӣ ва дигар амалҳои номатлуб зада, ба номи поки зан-модар иснод меоранд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз содир шудани боз як ҷиноят аз ҷониби зан хабар додааст. Боздоштшуда 34-сол дошта, сокини ноҳияи Ашти Вилояти Суғд мебошад. Тавре ки манбаъ мегӯяд, зан дар дуздии чорвои калони шоҳдор гумонбар дониста мешавад.
Санаи 26-май як ҷавонмарди 25-солаи сокини ноҳияи Ашт ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, аз дуздида шудани чорво, аниқтараш говаш аз заминҳои назди хоҷагии деҳқонии ҳудуди ҷамоати деҳоти Дӯстӣ шикоят кардааст. Дар пайи шикояти ҷабрдида як зани маҳаллӣ, ки 34 сол дорад, боздошт шуд. Зан дар говдуздӣ муттаҳама дониста шуда, алайҳаш бо қисми 2-и моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст. Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.