arzon replenishment
Зани дуюм шуда, ба туҳмат гирифтор гаштам
27.08.2024
ОИЛА.ТҶ
2504

Ассалому алайкум! Ман як тоҷикзани модари ду фарзанд ҳастам ва мехоҳам сарнавишти талхамро ба шумо нақл карда, маслиҳат пурсам.

Марде маро зани дуюм карда гирифт. Пеш аз никоҳамон гуфта буд, ки зани қонуниаш ба ӯ хиёнат кардааст, вале ба хотири фарзандонаш талоқашро надода, дар болояш зани дигар мегирад. Барои исботи гуфтаҳояш расмҳои урёни занашро ба ман нишон дод. Мани содда ба суханони ӯ бовар карда, розӣ шудам, ки зани дуюмаш шавам. Ваъда дода буд, ки то вақте зинда аст, намегузорад ба пойи ман ҳатто хоре халад, вале...

Имрӯз, ки аҳли хонаводаашон, яъне модару фарзандонаш аз зани дуюм доштанаш огоҳ шудаанд, дигар на ба ман занг мезанад ва на суроғам мекунад. Хешу табораш фикр мекунанд, ки ман гунаҳгорам ва бо макру фиреб писарашонро ба доми худам афтонидаам, вале дар асл ин тавр нест. Дар вақташ ин мард мисли соя моҳҳо аз пасам гашта, бо садҳо ваъдаҳои осмонӣ маро ба никоҳаш дароварда буд.

Шавҳарам аз шаҳри Исфара буда, аз як оилаи намунавӣ аст. Ҳамаи пайвандонаш одамони хубанд.

Намехоҳам ду писарам зиндаятим гарданд, вале ҳарчанд занг мезанам, шавҳарам ба зангҳоям ҷавоб намедиҳад. Мехоҳам кофта-кофта ба хонаи онҳо равам ва буду шуди гапро гуфта, диламро холӣ кунам, чунки аз гапу хабари бисёр безор шудаам.

Овоза паҳн кардаанд, ки гӯё ман як зани бероҳа ҳастам ва зану фарзанд доштанашро дидаву дониста, оилаи ин мардро вайрон карданӣ шуда, зани дуюмаш шудаам. Касе дар бораи зани якумаш, ки ба гуфти шавҳарам ба вай хиёнат кардааст, чизе намегӯяд. Вай гӯё фариштаю ман зани бадгашт будаам.

Дилам мисли кӯзаи пур аз зардоб гаштааст. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Ба хонаи падару модари шавҳарам рафта, ҳама гапро гӯям ё интизор шавам, ки худи вай ҳамчун мард ба чӣ хулоса меояд?

Т. Н.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД