Formula novemver 2024
Зани дуюм кист? (ҚИСМИ 2)
5716

Як субҳи барфбод модарам аз сменаи шабона баромада, аз роҳ гузаштанӣ мешавад, ки зери мошини барфрўбӣ монда, ба ҳалокат мерасад.

Чӣ қадар рўзи сиёҳ доштам, ҳарчанд амакаму занаш, холаҳояму тағоям шабу рўз дар барам буданд, худамро танҳотарин фарди дунё эҳсос мекардам. Дар давои ҳамин рўзҳо, раис низ дар барам рост буд, Паймон маро ҳам рўҳан ва ҳам иқтисодӣ дастгирӣ мекард. Маъракаҳо ба охир расиданду ҳама хона ба хона шуданд, як холаам хост ман бо ў ба хонааш равам, вале ман нахостам. Паймон ҳамеша бо ман буд ва ман ба ў дил бохтам…

Оқибати ғамхориҳои ў ба ин анҷом ёфт, ки ман зани дувуми Паймон шудам. Ба хотири бехатарии муносибатҳоямон ў маро ҷойи дигар кор монд ва ман ҳам зуд рушд карда, ба зинаҳои баланди мансаб расидам. Касе намедонист, ки шавҳари ман кисту чӣ ном дорад. Паймон барои ман ҳавлии зебое сохта дод, худам ҳам дар биноҳои баландошёна хонаи панҷҳуҷрадори барҳавое харидам. Хонаи модарамро ба як оилаи камбағал бахшидам, мехостам савобаш ба арвоҳи падару модарам расад. Ман ҳама чиз доштам, хонаву дари олиҷаноб, мошин, мансаб як духтари парисою нозанин. Паймон ҳамеша бо ман буд, ў маро он қадар ошиқона дўст медошт, ки баъзан ҳайрон мешудам, ки ҳамин хел дўст доштан мумкин бошад? Бо ҳамин қадар дороӣ, ман чизҳоеро надоштам, ки инсонҳои оддӣ доранд, баъзан аламам мекард.

Шавҳарам аз зани аввалаш ду писар дошт ва онҳо хоҳари ҳамхуни худашонро намешинохтанд. Ба ману духтарам иҷозат набуд, ки ба маъракаву азои хешу табори шавҳарам равем. Баъзан фикр мекардам, ки зани дувум кист? Магар ў зан нест? Чаро мисли зани якум имтиёз надорад? Аммо ба хотири обрўи худаму ҳамсарам ин фикрҳоро дар худам бӯғӣ мекардам.

Паймон дар бораи зани аввалаш чизе намегуфт, гўё ў вуҷуд надошт. Танҳо як бор аз ў пурсидам, ки ту шабу рўз бо мо ҳастӣ, занат ҷанг намекунад? Ў бо заҳрханда гуфт:

- Ба апаат на ман, балки пулҳоям даркоранду халос…

Шавҳарам бемор шуд, дилашро ҷарроҳӣ карданд, баъди ҷарроҳӣ ду моҳ зиндагӣ карду ин оламро падруд гуфт. Ўро аз хонаи ман ба беморхона бурданд, аммо ман ҳақ надоштам ба хабаргирии ў равам, зеро бояд ҳеҷ кас маро набинаду надонад. Духтарам аз гиря беҳуш мешуд, зеро падарашро зиёд дўст медошт. Ҳарчанд ҳақ надошт, ки ҷое ошкоро бигўяд, ки духтари фалон касам, ҳарчанд насабаш бо насаби ман буду танҳо номи падараш низ дар ин насаб ҳамроҳ буд. Аммо падараш барои вай углуи зиндагӣ буд. Илоҷ надоштам, духтарамро гирифтаму роҳ сўи хонаи Паймон пеш гирифтам. Ду ҷавони қоматбаланди ба Паймон монанд поёни пойи майит нишаста мегиристанд. Ман духтарамро назди онҳо шинонда, гуфтам:

- Писаронам, ин хоҳари шумо Аҳдия.

Духтарам ба касе аҳамият надода, “додоҷонам” мегуфту нола мекард. Ду писар гўё ҳарфи маро нашуниданд. Ҳамин вақт зани зардинаи хомфарбеҳ аз ҷояш хеста, назди ман омаду ба мўйҳоям чанг андохт. Ман базӯр худро аз дасти ў халос кардам. Зани якуми шавҳарам ба миёни Аҳдия як лагад зада, гуфт:

- Ту фоҳиша кӣ ҳастӣ, ки шавҳари маро додо мегўӣ?!

Ман худамро гум кардам, зани кабудпўши боло сари Паймон нола мекарда аз ҷояш хеста, занро каш-кашон тарафе бурду ману Аҳдияро наздаш шинонда, нола кард:

- Акаҷони пурармонам, хез, Аҳдияат омадааст, танҳо ба ман гуфтӣ, ки Осияро хафа накунед, ў гуноҳе надорад.

Баъди ҷанозаи Паймон, ҳамон зани зардина боз пайдо шуда, маро зери ҳақорат гирифт, аммо Озода - хоҳари Паймон гуфт:

- Маҳҷабин, айб аст! Сари акаамро ту ва писарони авбошат хўрдаед, кори ту ба ин занак набошад! То ҷое медонам, Осия худаш кор мекарду зиндагияшро ўҳда мекард, тамоми ёфту тофти акаам фоидаи ту буд. Акнун дамата гиру мон, ки дар гўр осуда хобад!

Дигар поямро ба хонаи палонҷам намондам, ҳама маъракаҳои шавҳарамро дар хонаам кардам, ба сари гўраш санг гузоштам. Аммаҳои духтарам бо мо рафтуомад доранд, дар ин муддат чӣ сирҳое бароям фош шуд, ки намехоҳам онҳоро рўйи коғаз биёрам. Ҳарчанд аз зиндагиям бо Паймон аз замин то осмон розӣ будам, ҳарчанд ў шабу рўз бо ман буд, ҳарчанд хоҳараш гувоҳӣ дод, ки дами марг ҳам номи ман вирди забонаш буд, аммо ман зани дуюм будам! Зане, ки маълум нест, ки барои мард кист!

ОСИЯБОНУ

Таснифи Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД