Ҷавондухтари 24-сола ҳастам. Духтари зебову босаводам, бо се забон озодона гап мезанам. Ҷавонмардони зиёде харидорам гаштанд, вале дили ман моили як нафар аст.
Падару модари ҷавони дӯстдоштаам рус бошанд ҳам, худаш дини исломро қабул кардааст. Забони тоҷикиро хуб медонад, каси ӯро дидагӣ бовар намекунад, ки рус бошад, вале волидонам зидди хонадоршавии мо баромаданд.
Ману дӯстдоштаам чӣ кор карданамонро намедонем, зеро ишқи мо асил аст, лаҳзае бе якдигар зиста наметавонем. Атрофиёнам мегӯянд, ки агар бо ин ҷавон оила бунёд намоям, кофир мешавам. Дар ҳоли ногувор қарор дорам, чӣ кор кардану аз кӣ маслиҳат пурсиданамро намедонам. Бо умед ба хонандагони азиз муроҷиат кардам, ки маслиҳати худро аз ман дареғ надоранд.
З. Н.