arzon replenishment
Занг аз дӯзах Қисми 1
1816

Занг аз дӯзах

 

Телефон беист занг мезад, Лайло базӯр худашро ҳушёр карда, хоболуд гӯширо бардошт, аз он сӯ садои ошнои кайҳо фаромӯшгашта меомад:

-Лайлоҷон, ту дар хонаӣ?

-Бале,- беихтиёр ҷавоб гардонд ҷавонзан ва ҳамсӯҳбаташ бо илтиҷо гуфт:

-Ман дар зери бинои истиқоматии ту, агар иҷозат диҳӣ, дароям.

Лайло каме ҳушёр шуда, ба соат нигоҳ кард, ақрабак сарҳади дуро убур мекард. Ин девона шуда бошад, барқвор гузашт аз сари Лайло ва дар ҷавоб гуфт:

-Анвар, ба хона ба назди занат рав, дигар кор надорӣ, дар нимаи шаб занг мезанӣ? Гулбарг хабар шавад, рӯзатро сиёҳ мекунад!

-Эҳ, Лайло, ту медонӣ чӣ қадар ёдат кардам, меҳрубониҳои ту, хонаи тозаву озода, хӯрокҳои лазиз… Гулбарг, ғайр аз пул канда гирифтан, дигар ягон кор намекунад, рӯзи дароз кораш салон ба салону мағоза ба мағоза гаштан аст! Ту дигар будӣ, агар қабул кунӣ, ман бармегардам,- гуфт бо алам Анвар.

Лайло нафаси ҷуқуре кашиду пичиррос зад:

-Анвар, агар ҳозир шавҳарам бедор шавад, медонӣ чӣ ҳолат рӯй медиҳад?! Вай хеле рашкин аст!

-Эҳа, ту аллакай шавҳар кардӣ? Намедонистам, ӯро ҳам мисли ман дӯст медорӣ?! Ман аз як шабнишинӣ бармегаштам ва аз назди бинои истиқоматият гузаштаму ту дар ёдам задӣ, барои ҳамин занг задам. Майлаш, ту хуб медонӣ, ки Гулбарг шоҳдухтари орзуҳои ман аст,- гуфт Анвар дар як лаҳза аз фикраш гашта, ӯ хеле асабиёна ҳарф мезад, мард ба Лайло фурсати хайр гуфтан надода, телефонашро хомӯш кард.

Хоб аз чашмони Лайло парид, ӯ ба ошхона гузашта, пайи ҳам ду истакон об нӯшид, мегуфтӣ соатҳо зери офтоби тафсон истода бошад ва сари мизи хӯрокхӯрӣ сарашро рӯйи дастонаш гузошта, ба фикр фурӯ рафт. Ӯ чӣ қадар Анварро дӯст медошт, худаш медонаду Худо, ба хотири ӯ падару модарашро хафа кард, ба домодҳои хушкардаи онҳо нарасида, ишқи ӯро қабул намуд. Анвар аз оилаи камбағале буд, вақте онҳо хонадор шуданд, падари сарватманди Лайло ба хотири духтараш ба онҳо хонаи сеҳуҷрагие тақдим намуд. Ҷуфти ҷавон, ки ҳамсабақ буданд, дар як бонк ба кор оғоз намуданд. Анвар одат карда буд, ки Лайло ҳама мушкилашро худаш ҳал мекунад, аз ин рӯ, пули ёфтаашро сарфи худаш мекард, мошин харид, зебо мепӯшиду зебо мегашт. Баъдҳо занбоз шуд ва хиёнатҳояшро Лайло мефаҳмиду медонист…

Лайло зани зебое буд дар оилаи сарватманд ба воя расида, чашму дили сер дошт, Анварро девонавор дӯст медошт ва намехост ӯро хафа кунад, худаш тамоми шароити зиндагиро муҳайё мекард. Баробари ҳамсараш кор мекард, боз кӯшиш мекард, ки хӯрокҳои лазизе тайёр кунад то ҳамсараш ҳайрон шавад. Дар тозагиву озодагӣ ҳамто надошт, вале чашми гуруснаи Анвар боз ба сӯйи занҳои дигар буд…

Боре Лайлоро аз тарафи кор ба Русия ба сафари хидматӣ равон карданд, ӯ хонаашро зиёд дӯст медошт ва корҳояшро зуд ба итмом расонда, ду рӯз пеш аз муҳлати баргаштанаш омад. Нисфирӯзӣ буд, мехост зуд ба хона даромада, оббозӣ кунаду баъд хӯроки дӯстдоштаи шавҳарашро пухта, аз сафаровардаҳояш дастархон ороста, шавҳарашро мунтазир шавад, вале хона даромаду шавҳарашро масту аласт дар оғӯши духтураки русе дарёфт. Худашро дошта натавониста, ҷангу ҷанҷол бардошт ва зери шаттаю шаллоқи шавҳар монд, пештар ҳам Анвар ӯро беҳуда мезад, вале ин дафъа кор ба беморхона зад ва ӯ дурӯғ гуфт, ки афтидааст. Албатта касе ба афтидани ӯ бовар накард, ӯ ду бародари мансабдор дошт, ки хоҳарашонро зиёд дӯст медоштанд ва намедонистанд, ки Анвари гушнамаст ӯро ин қадар таҳқир мекунад. Ба тагпурсии бародаронаш ҳам Лайло бо эҳтиёт ҷавоб дод, падару модарашро ҳам бовар кунонд, ки ҳангоми болои зинапоя баромада, тоза кардани тирезаҳо афтидааст. Модараш бо қаҳр гуфт:

-О ту киро гул мезанӣ а? Худозадаи тайёрхӯр ба сари ту даст мебардорад, вале ту намегӯӣ, Худо занад вая!

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД