Алия Носироваи 35-сола, зодаи Украина, имрӯз дар Словакия зиндагӣ мекунад ва расман соҳиби дарозтарин мӯй байни занони дар қайди ҳаёт буда эътироф шудааст.
Дарозии кокулонаш 257,33 сантиметрро дар бар мегиранд. Ин беш аз се фут аз қади худи ӯ (165 см) дарозтар аст ва ҳатто аз қади марди баландқади дунё Султон Косен (251 см) ҳам мегузарад.
Алия ҳеҷ гоҳ мӯйашро набуридааст. Ӯ мегӯяд: «Умедворам, рекордам одамонро илҳом мебахшад, то зебоии табиии худро дӯст доранд. Ҳар кас, ҳатто агар зоҳири дигаргун дошта бошад, зебост».
Ба гуфтаи Алия, илҳоми ӯ модар ва бибӣ, инчунин қаҳрамонони афсонавӣ, монанди Рапунсел буданд. Ӯ ҳамчун рассом ва дизайнер-иллюстратор низ фаъолият мекунад.
Алия мӯяшро ҳафтае як бор мешӯяд ва бе истифодаи фен хушк мекунад (то 24 соат вақт мегирад), танҳо ҳангоми хушк будан шона мезанад, аз ранг ва моддаҳои кимиёвӣ худдорӣ мекунад, танҳо равғанҳо ва ниқобҳои табиӣ истифода мебарад.