Шоҳмотбози тоҷик Надежда Антонова, шахсияти барҷаста ва намунаи занони муваффақ аст, ки санаи 22-юми декабри соли 2024 дар Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Ал-Айни Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, миёни намояндагони 31 кишвар бо маҳорати фавқулода ва иродаи мустаҳкам медали тиллоро ба даст овард.
Ин дастовард ӯро ҳамчун яке аз шоҳмотбозони пешсафи минтақа муаррифӣ намуд ва барои варзиши тоҷик шӯҳрати наве бахшид.
Иқдомҳои Надежда дар арсаи байналмилалӣ ҳанӯз аз Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки аз 29 июл то 9 августи соли 2022 дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон баргузор гардид, сарчашма мегирад. Дар он мусобиқа Надежда Антонова бо гирифтани 8 хол аз 10 холи имконпазир, меъёри Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ байни занон (WIM)-ро ба даст овард. Ин пирӯзӣ собит сохт, ки ӯ на танҳо истеъдоди фавқуллода, балки иродаи устувор барои расидан ба қуллаҳои баланди шоҳмотро низ дорост.
Надежда Антонова 12 ноябри соли 1988 дар шаҳри Душанбе дар оилаи шоҳмотбозон таваллуд шудааст. Аз хурдсолӣ шоҳмот барои ӯ на танҳо ҳунар, балки як бахши зиндагӣ гардид. Падараш, Павел Антонов, яке аз мураббиёни барҷастаи шоҳмот дар Тоҷикистон аст, ки солҳои зиёд дар мактаби шоҳмот фаъолият кардааст. Модараш, Лидия Антонова, низ шоҳмотбози маъруфи тоҷик аст, ки бо ҳунари худ насли навро илҳом мебахшад. Дар чунин муҳити варзишӣ, Надежда ба шоҳмот таваҷҷуҳи амиқ пайдо кард ва бо кӯшишҳои пайвастаи худ дар ин соҳа муваффақ гардид.
Надежда яке аз чеҳраҳои намоёни варзиши тоҷик аст. Ӯ чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон миёни духтарон ва занон буда, дар ҳашт Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот иштирок кардааст. Аз соли 2010 Устоди ФИДЕ (FM) мебошад ва дар тӯли фаъолияти худ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст.
Дар баробари фаъолияти варзишӣ, Надежда таҳсилро низ сарфи назар накардааст. Соли 2011 бо дипломи аъло факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро бо ихтисоси «муаллими забони англисӣ» хатм кард. Ҳоло ӯ дар шуъбаи шоҳмоти Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, ҷавонон ва сайёҳии Русия таҳсил мекунад, ки ин аз талоши пайвастаи ӯ барои пешрафт дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ шаҳодат медиҳад.
Шоҳмот барои Надежда Антонова на танҳо як намуди варзиш, балки василаи худшиносӣ, рушд ва нишон додани нерӯи зеҳнии занон гардид. Ӯ нишон дод, ки дар ҷаҳони пуррақобати шоҳмот низ занон метавонанд бо иродаи қавӣ ва заҳматҳои пайваста ба комёбиҳои назаррас ноил гарданд.
Дастовардҳои Надежда нишон медиҳанд, ки иродаи занон метавонад монеаҳоро бартараф созад ва онҳоро ба баландтарин қуллаҳои муваффақият барад. Надежда на танҳо як шоҳмотбози муваффақ, балки намунаи ибрат барои ҳамаи онҳое аст, ки ба қудрати зеҳн ва нерӯи худ бовар доранд. Вай бо дастовардҳояш на танҳо варзишгарон, балки тамоми занони тоҷикро илҳом мебахшад ва нишон медиҳад, ки бо меҳнат, ирода ва дастгирии оила ҳар як орзу ба воқеият табдил меёбад.
С. УБАЙДУЛЛОЕВА