arzon replenishment
Зане, ки ба Президент ҷомаи зардӯзӣ пӯшонд
853

Назрӣ Қаландарзода 59 сол дорад ва қариб аз ӯҳдаи ҳама намуди ҳунарҳои мардумӣ мебарояд. Ҳанӯз аз синни 10- солагӣ ба зардӯзӣ майл пайдо намуда, ба зудӣ ба як чевари чирадаст мубаддал гаштаву бо шарофати ҳунараш зиндагиро пеш мебарад.

Қаҳрамони мо мегӯяд, ҳунари зардӯзиро аз модараш мерос гирифтааст, ҳанӯз аз хурдсолӣ дар хона бо хоҳаронаш ба корҳои модар ёрӣ мерасонидаанд.

Модари Қаландарзода низ зардӯзи моҳир буд ва завқу ҳаваси духтарашро дида, касбашро ба фарзандаш омӯзондааст.

photo_2024-09-20_09-54-48

“Ин ҳунар ба мо мерос мондааст. Дар кӯдакӣ ҳамроҳи хоҳаронам ба модарам ёрӣ мерасонидем, пас аз хатми мактаб ман пурра ба ин кор гузаштам”,- мегӯяд ӯ.

Ин зани зарринҳунар дар чандин фестивалҳои ҷумҳуриявию хориҷӣ иштирок карда, ба зиёда аз даҳ давлати дунё сафар кардааст. Ҳамзамон чор маротиба бо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вохӯрда, барояш ҷомаи зардӯзӣ пӯшонидааст.

“Як бор дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе фестивали ҳунарҳои мардумӣ барпо шуд ва мо онҷо бо сарвари давлат вохӯрдем. Ман чун ҳамеша рӯймоли худро ба таври замонавӣ ба сар баста будам. Ҷаноби олӣ гуфтанд, ки “рӯймоли тоҷикона баста метавонӣ?”, гуфтам “не, наметонам”. Он кас ба зани мӯъминободии дар паҳлуям истода гуфтанд, ки рӯймоли маро тоҷикона бандад. Вақте рӯймолро тоҷикона бастам, маро сад аҳсану офарин гуфтанд, ки симои зани тоҷикро эҳё кардам”,-нақл мекунад Назрӣ.

Хонум Қаландарзода ҳеҷ гоҳ аз касби интихобнамудааш дилгир нашудааст. Агар фармоиш қабул намояд, дигар тамоми кори зиндагиро яксӯ гузошта, сари дӯкони зардӯзӣ мешинад.

Ӯ тӯли 25 сол дар коргоҳҳои дўзандагии пойтахт ҳамчун зардўз фаъолият намудааст. Нахуст корро аз фабрикаи дўзандагии «Зайнаббибӣ», ки он ҷо модараш ҳунарвари моҳир буд, шурӯъ намудааст. Баъдан, муддати 16 сол дар коргоҳи дўзандагии «Зиннат» ва дар филиали фабрикаи дўзандагии «Гулдаст», бо номи «Суман», заркорӣ кардааст. Сипас дар Муассисаи давлатии маркази таълимии «Чароғи ҳидоят», дар хобгоҳи донишҷӯдухтарон ҳунари зардӯзӣ омӯзонидааст.

Холаи Назрӣ то ба имрӯз ҳунари худро ба шогирдони зиёде омӯзонидааст. Ҳоло бошад, дар мактаби рақами 11-и шаҳри Душанбе дарс медиҳад.

Тӯли чанд сол ҳунари зардўзиро дар хона бо наздикону пайвандон ба роҳ монда, ризқу рӯзӣ меёфт ва ҳам шогирдонро тарбия менамуд.

Қаландарзода Назрӣ мегӯяд, панҷ фарзандашро бо нони зардӯзӣ бузург карда, ҳунари худро ба духтар ва чор келинаш омӯзонидааст.

photo_2024-09-20_09-54-52

“Сад шукр, ки ҳамин ҳунарро дораму зиндагиамро аз рӯи он пеш мебарам. Солҳои аввали оиладорӣ дар ин кор ба ман ҳамсару писаронам кӯмак мекарданд. Вақте фарзандон калон шуданд, дигар ин кори занона аст гуфта, худро дур мекашиданд. Баъди он ки ба хонаам чор келин овардам, ягонтои онҳо ин ҳунарро надоштанд. Аммо замоне, ки сари дӯкон менишастам, онҳо шарм мекарданд ва маҷбур бо ман ҳамроҳ мешуданд. Ҳоло шукри Худо, агар ягон фармоиш гирам, ҳамроҳи духтарону келинҳоям ба кор машғул мешавем.”

Холаи Назрӣ либосҳои арӯсиву домодӣ низ медӯзад. Бештар бо фармоиш либос омода мекунад. Ӯ аз кафши арӯсона сар карда, то ҷомаву тоқӣ ва тӯри сари арӯсро бо зар нақш меофарад. Нархи маҳсулотҳояш дастрас буда, фармоишгарон ба ҳунараш баҳои баланд медиҳанд.

Хонум Қаландарзода дар тӯли фаъолияти худ ду маротиба соҳиби “Гранти президентӣ” шудааст. Ҳар гоҳ, ки берун аз кишвар сафар кунад, ҳатман бо худ дастовез мебарад.

“Вақте ба Исроил сафар кардам, барои тоҷикони яҳудӣ кулчаву маҳсулоти зардӯзӣ бурдам. Ҳамватанонамон кулчаву тоқии зарринро ба чашмони худ молида, “бӯйи Ватан омад” гӯён, ашк рехтанд,- нақл мекунад ӯ.

photo_2024-09-20_09-54-56

Ин зани ҳунарманд аз рӯзгор ва маҳсули ҳунари худ хотироти зиёде дорад. Бо шарофати ҳунараш дар маҳалла ҳама ӯро мешиносанду қадр мекунанд.

Таҳияи Сумани УБАЙДУЛЛО

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД