Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ,
Даркушӣ кунӣ, на дарбандӣ
Дар ҳақиқат ҳунар ганҷи қиматбаҳоест, ки соҳибашро дар зиндагӣ ба мартабаҳои баланд мерасонад. Соҳибпеша будан ҳаёти инсонро рангин намуда, қадру қимати ӯро дар назди аҳли ҷомеа баланд мебардорад.
Қаҳрамони мо Махфират Адҳамова қариб 60 сол мешавад, ки бо кашидадӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ ва дӯхтани сӯзаниҳои миллӣ машғул аст, ҳамзамон муаллими калони Колеҷи Ҳунарҳои Мардумии шаҳри Истаравшан буда, барои ба воя расидани ҳунармандони асил ҳамеша талош меварзад.
Махфират Адҳамова 14-уми декабри соли 1947 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст. Вай дар оилаи ҳунарпарвар ба воя расида, аз овони кӯдакӣ офаридани нақшу нигорро дар порчаи матоъҳо бо кӯмаки модаркалонаш машқ мекард. Шавқи ҳунаромӯзӣ торафт дар дилаш зиëдтар гашта, чунон нақшу нигҳое меофарид, ки кас аз тамошояшон сер намешуд. Синфи 8- ум мехонду аллакай маҳсули дасташ дар намоишҳои умумииттифоқӣ роҳ меëфт. Аз аввалин сӯзание, ки таваҷҷӯҳи ташкилотҳои байналмиллалиро ба худ ҷалб кардааст, ëдоварӣ намуда, қаҳрамони мо чунин нақл кард:
" Нахустин сӯзание, ки маро номдор кард, бо сими заррин дӯхта шуда буд. Вақте ба намоиши ҳунарҳои мардумӣ сӯзаниро гузоштам, диққати ҳамагонро ба худ ҷалб кард, хусусусан, ташкилотҳои байналхалқиро. Маҳз ҳамин намоиш сабаб шуд, ки ин ташкилотҳо ба мна таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.”
Махфират Адҳамова баъди он ки аз ҷониби ҳукумат ва ташкилотҳои байналмиллалӣ соҳиби грантҳо мегардад, дар хонаи худ барои омӯзонидани касбу ҳунар ба занҳои хонашин курсҳои омӯзишӣ мекушояд. Тавре қаҳрамони мо қайд кард:
"Аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ грант гирифта, барои 25-30 нафар занҳои хонашин курси омӯзишӣ ташкил кардам. Ҳамаи онҳо имрӯз соҳибҳунар ва соҳибмактабанд." Он замон ҳоло Колеҷи ҳунарҳои мардумӣ ташкил нашуда буд ва занону духтарон аз муаллима ҳунар меомӯхтаанд, аз соли 2009 инҷониб бошад, вай дар МТМУ 10 ба дилбохтагони ин касб нозукиҳои гулдӯзию зардӯзиро ёд медиҳад.
Маҳсули меҳнати дастии Махфират Адҳамова соли 2002 бахшида ба "2500-солагии Истаравшан", соли 2003 дар намоиши ҳунарҳои бадеӣ-халқӣ дар "Симпозиуми оби тоза", соли 2004 бахшида ба "80 - солагии пойтахт - шаҳри Душанбе" ба намоиш гузошта шуда буд. Дар озмуни "Меҳнати хонагии занону духтаронро эҳë менамоем" ӯ сазовори ҷойи аввал ва соҳиби 10000 сомонӣ мукофотпулӣ мегардад.
Ин зани панҷ панҷааш ҳунар соли 2011 ҳамчун ҳунарманд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар намоиши санъати ороиши амалии дастӣ дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соли 2014 дар чорабинии форуми байнипарлумонии "Руссия - Тоҷикистон" дар шаҳри Маскав ва дар солҳои гуногун дар Ҷумҳурии Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳо ширкат варзида, бо ҳунари нозуку зебояш соҳиби диплому сипосномаҳо гардидааст.
Вақте маҳсули ҳунари дастии ин зани эҷозкор ба намоиш гузошта мешавад, тамошобинон шефтаву шайдо мегарданд ва ба дастони мӯъҷизаофари ҳунармнад аҳсан мехонанд.
Тавре худи ҳунарманд қисса мекунад:
"Дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ гузашт. Дар он ҷо ҳама намуди ҳунарҳои дастӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд. Аз байни ҳамаи онҳо сӯзании мо, ки бо гулҳои зебо ва ранга дӯхта шуда буд, кормандони Сафоратро моту маҳбут кард.
Сӯзание, ки аз ҷониби Колеҷи ҳунарҳои мардумӣ бдар ин намоишгоҳ ба маърази тамшо гузошта шуда буд, қариб ҳашт рӯз дар сафоратхона нигоҳ дошта шуда, девори сафоратро зебу зиннат мебахшад.
Дар ҳақиқат гулдӯзиву сӯзаниҳои муаллима зиннатбахши толорҳои бошукӯҳанд, зеро арзиши маънавию эстетикии баланд доранд.
Махфират Адҳамова дар баробари он ки ба шогирдон ҳунар меомӯзад, барои аз байн нарафтани ин ҳунарҳо асарҳо эҷод менамояд. Имрӯз китоби Махфират Аҳдамова дар ҳаммуаллифӣ бо Дилором Адҳамова бо номи "Кашидадӯзӣ" омодаи нашр аст.
Мағфират Адҳамова "Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон", дорандаи медали "Хизмати шоиста" ва "Аъзои иттифоқи рассомон ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошад.
Махфират Адҳамова дар эҳë ва рушду ривоҷи арзишҳои маънавии ҷомеа ва ҳунару ҳунармандӣ саҳмӣ калон дорад. Вай барои ба воя расонидани ҳунармандон ва аз байн нарафтани ҳунари воло ҳамеша талош меварзад.