arzon replenishment
Зандузд (қисми 2)
1939

Давомаш. Қисми аввалашро дар ин ҷо хонед.

- Дар натиҷаи беаҳамиятии шумо риштаи умри се нафар канда шуд. Модарат низ дар ҷои ҳодиса ҳалок гардид.

Доду фиғонам ба фалак печид.

- Ором шав, хоб кун, фардо субҳ туро ба ҷанозаи модарат мебарем,-гӯён баромада рафтанд.

Ҳолатам вазнин буд, аммо то пагоҳ тоқат накарда, бо сару рӯи докапеч аз беморхона берун шудам. Чунки дар хона ғайр аз Нигина дигар касе набуд. Гӯру чӯби модарам ба зиммаи ман буд ва бояд худро ҳамчун мард ба даст мегирифтам.

Аз сӯзишу дард сарам чарх мезад, вале аз ғам дар назарам дардам наметофт. Нигина маро ба ин аҳвол дида, доду фарёдаш ба фалак печид. Ҳавлӣ аллакай мотамхона гашта буд.

Модари ба ҷон баробарамро гӯру чӯб кардаму рӯзи сеюм маро ба суд фарёд карданд. Дар натиҷаи садама ронандаи мошин бо рафиқонаш ба ҳалокат расида буданд. Соҳибонаш аз баҳри даъво нагузаштанду маро ба муддати ҳашт сол аз озодӣ маҳрум карданд.

Дар маҳбас рӯзҳои ширини бо модарам гузаронидаро ба ёд оварда, зор-зор мегиристам. Дар ҳавлии калон Нигина бо писарам танҳо монда буд, дилам барояшон хун мегирист. Моҳе як маротиба Нигина бо писарам омада, аз ҳолам хабар мегирифт.

Се соли умрам турнасон дар паси панҷара гузашт. Аз дӯстам тӯли ин солҳо хабаре набуд. Яке аз рӯзҳои баҳор телефонам занг зад. Гӯширо бардошта, садои Салимро шунидаму аз хурсандӣ дилам ларзид. Ашки шодӣ аз чашмонам беихтиёр ҷорӣ мешуд.

Фикр кардам Салим дар маҳбас буданамро шунида, ҳамдардӣ баён мекунад, вале пас аз салому алейк вай бешармона гуфт:

- Ҷӯраҷон, ман аз давраи донишҷӯӣ Нигинаро дӯст медоштаму орзуи бо ӯ буданро доштам. Аз Русия баргашта, танҳо будани Нигинаро шунида, хурсанд шудам. Ту дар маҳбасӣ, ҷавоби Нигинаро деҳу ӯро аз қайди никоҳат берун кун. Акнун Нигина аз ман мешавад.

Хун ба сарам зада, аз ғазаб ларзида гуфтам:

- Ту чиҳо мегӯӣ? Саломатиат дар ҷояш аст ё касали руҳӣ шудӣ, ҳайвон? Садқаи одамгарӣ шавӣ! Магар намедонӣ, ки Нигина зани ман аст. Садқаи некиҳоям шавӣ,-Салимро ҳақоратборон карда, сипас ба Нигина занг задам.

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

ТОҶИНИСОИ АЗИЗ: ДУХТАРАМ ПАДАРАШРО ОЧА МЕГУФТ

- Нигина, гӯш кун, ту гумон кардӣ, ки ман дигар аз маҳбас намебароям? Кавалер ёфтӣ, беҳаё? Ҷавобатро додам, аблаҳ! Хонаамро ҳаром кардӣ. Дафъ шав, хонаро холӣ кун!-гӯён дод мезадам.

- Ман шуморо нафаҳмида истодаам. Чӣ гап аст?-гӯён, занам аз ман сабаб мепурсид, аммо гапашро гӯш накарда, гӯширо хомӯш кардам.

Барои кори кардаи дӯсти хиёнаткорам сахт гиристам. Субҳи барвақт занам ба наздам омада, зораву тавалло кард, ки ба суханони Салим бовар накунам.

- Мо ягон алоқа надорем, бовар кун, аз ҳеҷ чиз хабар ҳам надорам,-мегуфт Нигина.

Вале ман ӯро девонавор бо суханони қабеҳ рондам. Нигина бо ашки шашқатор баромада рафту дигар ба суроғам наомад. Гумон кардам, ки занам дар хона маро мунтазир аст, вале фикрам хом баромад.

Пас аз 6 сол ба озодӣ баромадам. Хонаи ободам ба харобазоре табдил ёфта буд. Сари танҳоямро ба девор зада, аксҳои модарамро гирифта, зор-зор гиристам. Аз ҳамсояҳо шунидам, ки Салим Нигинаро фиреб карда, ҳамроҳи худ ба Русия бурдааст.

Сарнавишти худро рӯи коғаз оварда, ба тамоми мардон гуфтаниям, ки ҳаргиз зани зебо нагиред! Зани зебо вафо надорад. Ғайр аз фарзанди падар ҳеҷ касро бародар наҳисобед. Бародархон ҳеҷ гоҳ бародар намешавад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Саида 2023-10-17, 14:13
Хуб кардааст Нигина. Садқаи зан шавӣ! Ҳатто аз ҷинояткори ба марг маҳкумшуда низ, хоҳиши гуфтани сухани охиронашро мекунанд. Наход ту нагузорӣ, ки Нигина бигуяд, ки суханони Салим ростанд ё дурӯғ ё худи занат чӣ нуқтаи назар дорад?! Талоқашро, ки додӣ, албатта шӯ мекунад-да!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Саида 2023-10-17, 14:13
Хуб кардааст Нигина. Садқаи зан шавӣ! Ҳатто аз ҷинояткори ба марг маҳкумшуда низ, хоҳиши гуфтани сухани охиронашро мекунанд. Наход ту нагузорӣ, ки Нигина бигуяд, ки суханони Салим ростанд ё дурӯғ ё худи занат чӣ нуқтаи назар дорад?! Талоқашро, ки додӣ, албатта шӯ мекунад-да!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД