Arzon march 2024
Тоҷинисои Азиз: Духтарам падарашро оча мегуфт
1073


Баҳорро беҳуда арӯси сол намегӯянд. Дар ин фасли сабзи гулрезу гулбез ид болои ид меояд. “Рӯзи Модар”, “Рӯзи матбуот”, “Нарӯзи оламафрӯз”...

Яке аз беҳтарин суннатҳои мардуми тоҷик ба аёдати беморон ва ёру дӯстон рафтан дар иду айём аст ва мо низ ин суннати аҷдодиро ба ҷо оварда, дар арафаи Наврӯзи дилафрӯз ба аёдати журналисти собиқадор ва модари меҳрубон Тоҷинисои Азиз рафтем.

                               Бибичақонак
Номи Тоҷинисои Азиз барои хонандагони ҳафтаномаи “Оила” кайҳо шинос ва ошнову азиз аст. Тӯли солиёни зиёде ин зани қаламкаш бо “Оила” робитаи хеле қавии эҷодӣ дошт ва қариб ҳар ҳафта қиссаҳои пандомӯзу сӯҳбатҳои ҷолибаш бо чеҳраҳои намоён дар боби оилаву оиладорӣ дар саҳифаҳои ин нашрия ба табъ мерасиданд. Умри апаи Тоҷинисо қариб ба домони 70 расида бошад ҳам, бисёр зани чаққону серғайбат буд ва ҳатто духтарҳои ҷавон низ бо чусту чолокиаш ҳасад мебурданд. Тоҷинисои Азиз метавонист дар як рӯз ба чанд гӯшаи шаҳр рафта, бо 2-3 нафар қаҳрамононаш сӯҳбат орояд, аз ин хотир, ман баъзан нимшӯхию нимҷиддӣ апаи Тоҷинисоро “Бибичаққонак” мегуфтам, вале...

Соли 2020 ин зани серғайрат аввал ба бемории ҳамагири “Ковид-19” ва баъдан боз ба чандин касалиҳои вазнини дигар гирифтор шуда, ба ҳолати “комма” афтид. Муддати 40 рӯз байни маргу зиндагӣ қарор дошт ва касе ба зинда монданаш умед надошт, вале хушбахтона Худованди меҳрубон ба ин зани дарёдилу хайрхоҳ умри дубора ато намуд. Аз ҳамин хотир, дар “Рӯзи матуботи тоҷик” ба суроғаш рафтем, то ҳолу аҳволи ин мухбири фаъол ва ҳамкасби азизи худро пурсон шавем.
Маро устод Кароматулло Мирзоев журналист карданду...
-Апаи Тоҷинисо, сароғоз шуморо бо “Рӯзи Модар”, “Рӯзи матбуоти тоҷик” ва омад-омади Наврӯзи оламафрӯз муборакбод мегӯем...
-Ташаккур! Ростӣ, бисёр шод шудам, ки маро фаромӯш накарда ба суроғам омадед. Ба шумо ҳам идҳои зебои баҳорӣ муборак бошанд. Бизгор наврӯзи имсол ба сари тамоми мардуми тоҷик борони файзу баракатро биборад ва ба ҳар як сокини кишварамон хушбахтию саодати бепоён оварад...

-Апаи Тоҷинисо, шумо яке аз собиқадорони матбуоти тоҷик ба шумор меравед. Қадамҳои нахустини худро дар ин ҷода ёд доред?

-Ростӣ, маро Нависандаи Халқии Тоҷикистон, устод Кароматулло Мирзоев журналист карданд. Он вақтҳо хеле ҷавон буданд ва дар баробари кор дар редаксия дар мактаб ба мо дарс мегуфтанд. Ман аз хурдӣ ба навиштан шавқу ҳавас доштам. Бо роҳбарии Кароматулло Мирзоев дар мактаб як рӯзномаи девории “Қаламҳои пурумед” таъсис ёфта буд ва аввалин навиштаҳои банда дар ҳамон рӯзнома нашр шуда, баъдан бо кӯмаки устод мақолаҳоямро ба рӯзномаи ҷумҳуриявии “Пионери Тоҷикистон” мефиристодагӣ шудам. Аввалин мақолаам, ки дар “Пионери Тоҷикистон” чоп шуд, дар бораи ёрии пионерон ба як пиразани бе касу кӯй буд. Баъдтар дар як озмуни ҷумҳуриявӣ ҳикояи навиштаам сазовори ҷойи 1-ум гашт ва аз редаксия ба номи ман туҳфаҳои зиёде фиристоданд. Ҳамаи ин шавқу завқи маро ба навиштан зиёдтар гардонд ва ҳамин тавр, риштаи ҳаётам бо журналистика пайваст, ҳарчанд раҳматӣ падарам бисёр мехостанд, ки ҳуқуқшинос шавам.

-Рост аст, ки дар синни 15-солагӣ мактаби миёнаро хатм кардаед?

-Бале, аз сабаби он ки аз хурдӣ хонданро бисёр дӯст медоштам, маро хеле барвақт ба мактаб дода буданд ва дар 15-солагӣ мактабро хатм намудам. Вақте ки маро дар рӯзномаи ”Пионери Тоҷикистон” ба кор гирифтанд, ҳатто шиноснома надоштам. Сардабири ин рӯзномаи он вақт бисёр бонуфуз шоираи машҳури тоҷик Гулрухсор Сафиева буданд ва аз ин устоди сахтгир ва серталаб ман дар журналистика бисёр чизҳоро омӯхтам.

-Журналистика бисёр пешаи заҳматталаб аст. Журналист аз худаш дида, бештар ба ҷомеа тааллуқ дорад. Фарқ надорад, ки шаб аст ё рӯз, гарм аст ё сард, ҳар гоҳ лозим шавад, бояд мисли ҳарбиён барои аз паси кор рафтан омода бошад. Барои шумо, ки зан-модари 4 фарзанд будед, сафарҳои пай бар пай ва кашидани бори гарони журналистика душворӣ намекард?

 

-Дар ҳақиқат барои зан журналист будан бениҳоят душвор аст. Шавҳараш, агар одами бофаҳм набошад ва занро ҳаматарафа дастгирӣ накунад, зан аслан дар ин соҳа кор карда наметавонад. Аксаран оилаҳои занҳои журналист маҳз аз рӯйи касбу корашон ва рашки шавҳар вайрон мешуд, вале хушбахтона падари фарзандони ман муҳандис бошанд ҳам, бисёр марди бофаҳм буданд. Ягон бор чаро ин қадар дер омадӣ ё чаро ба сафар меравӣ гуфта, ҷанҷол накардаанд. Ҳар гоҳ, ки ба сафари хизматӣ равам, худашон бачаҳоро нигоҳубин мекарданд. Як бор сафари хизматиамон беш аз як моҳ тул кашид. Ҳамон вақт духтарчаи хурдиам нав яксола ё якунимсола буд. Аз сафар баргашта бинам, духтаракам падарашро очаҷон гуфта гаштааст... (механдад)

-Як давра дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам будед. Чаро корро партофта, роҳи Русияро пеш гирифтед?

-Бале, ин дар давраи ҷанги бародаркуш буд. Ҳамон вақт дар нашриёт кор мекардам ва дар рухсатии ҳомиладорӣ будам, вале роҳбарият иваз шуда, маро ба қавле “сокрашение” кардаанд, ҳарчанд ки ба ин ҳуқуқ надоштанд. Даъво карда, маҷбурашон намудам, ки маро аз нав барқарор созанд, вале баробари дубора ба кор барқарор шуданам худам ариза навишта, аз кор рафтам. Пас аз ин дар як маҷалла сардабир таъин шудам, вале зиндагиро пеш бурдан хеле душвор буд. Барои ҳамин маҷбур шудам, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ равам. Муҳоҷирон, махсусан занҳои муҳоҷир он солҳо дар Русия азоби сахту сангин доштанд ва ман ҳар чиро, ки дар Русия бо чашми худам дида будам, дар китобе гирд овардам.

-Апаи Тоҷинисо, то имрӯз чанд китобатон ба дасти хонандагон расидааст?

 

-Қариб 10 китобам ба табъ расидааст, ки бештарашон дар мавзӯи ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошанд. Як китобам дар бораи як зани қаҳрамони тоҷик нақл мекунад, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки одамон ба як бурда нон зорбуданд, дар баробари 10 фарзанди худаш боз 10 кӯдаки ятимро аз ятимхонаҳо гирифта калон кардааст. Дар мавзӯи муҳоҷират, ишқу муҳаббат ва пойдории оила китобҳо навиштаам.

-Ба журналистони ҷавон чӣ маслиҳат медиҳед?

-Касби худро дӯст доранд ва содиқона меҳнат кунанд, чунки бо чанд хабарро аз ин ва он шабака ё сомона гирифта, каме рангу бор додан кас ҳаргиз журналист намешавад. Журналистика дониш, истеъдод, қобилияти баланди дарк ва таҳлил кардан, муҳимтар аз ҳама одил ва адолатпараст буданро тақозо менамоянд, чунки журналист бояд аз худ гузашта, умре барои тантанаи адолат ва ҳақиқат мубориза барад.

-Аз созмонҳои журналистӣ ба аёдататон меоянд?

-Пештар суроғ намекарданд, ду соли охир занг мезананд, мепурсанд. Соли гузашта гуфтанд, ки мо барои шумо туҳфа тайёр кардем, омада гиред, вале ҳамон рӯз саломатиам бад шуду рафта натавонистам. Дигар тақдири он туҳфа чӣ шуд, намедонам, вале муҳимаш туҳфа не, балки эҳтиром аст. Сари мо, пиронсолон аз як сухани хуш ба осмон мерасад.

-Барои сӯҳбати ошкоро ба шумо як ҷаҳон ташаккур! Бароятон тани сиҳату умри дароз ва қалами тезу бурро орзу дорем.
                                                                  Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД