Аз хурдӣ орзу мекардам, ки бо духтари соҳибмаълумот оиладор шавам. Ҳангоми донишҷӯиям кунҷковона ба духтарон гап партофта, арӯси муносиб меҷустам. Ниҳоят бо Нигина ном духтари мӯйдарози деҳотӣ шинос шудам. Ба ҳусну ҷамолаш не, ба одобу ахлоқаш ошиқ шуда будам.
Мехостам арӯси орзуҳоям арӯси хонадони мо гашта, ҳурмати модарамро ба ҷо биёрад, чунки падарам аз хурдӣ ману модарамро партофта, думболи зани дигаре рафта буд. Бечора модарам ҳангоми донишҷӯ шуданам, аз пули пасандозаш ба ман мошин харид
Ман ҳар рӯз бо Салим ном ҷӯраи ҷониам ба дарс мерафтему пас аз дарс Нигинаро бурда ба хонаи холааш мемондам. Фориғ аз дарсҳо ба тамошои боғу хиёбонҳои шаҳр мерафтем. Салимро бародар хонда будам. Ҳангоми ба коре банд буданам Салим Нигинаро ба донишгоҳ мебурд.
Хуллас, донишгоҳро хатм карда, мо ба висоли ҳамдигар расидем. Нигина арӯсаки чаққон буд. Субҳи барвақт аз хоб хеста, корҳои хонаро ба анҷом мерасонду ба модарам чой дам карда, ӯро ба мактаб гусел мекард. Занам кадбонуи моҳир низ буд. Хӯрокҳои болаззат мепухт, барои субҳона шириниҳои бомаза омода мекард.
Модарам сари ҳар қадам келинашро таъриф мекарду дуои нек медод. Зиндагии ширину гуворо доштем. Ҳамсояҳо ба келиндории модарам ҳавас мебурданд, Салим низ дар ҳама пастиву баландии зиндагӣ бародарвор дар барам буд. Ҷӯраамро ҳамеша насиҳат мекардам, ки бо духтари соҳибмаълумот хонадор шавад.
- Бе розигии падару модар чӣ тавр зани хондагӣ мегирам?- мегуфт Салим,-онҳо келини хондагиро намехоҳанд.
Пас аз чанде Салимро падару модараш бо духтаре аз ҳамсояқишлоқашон фотиҳа карданд. Дар тараддуди тӯйи ҷӯраам шудем. Тамоми камбудиҳояшро якҷоя бартараф мекардем.
Салим илтимос мекард, ки Нигинаро ҳамроҳи модарам ба тӯй барам. Нигина, ки муҳлати таваллудкуниаш наздик буд, нахост ба тӯй равад, “аз шиками дамида шарм медорам” мегуфт ҳамсарам. Ман бародарвор шабу рӯз дар хизмати Салиму дар хонаи онҳо будам.
Шабе ки саҳар бояд барои овардани арӯс мерафтем, Нигинаро дарди зодан гирифт. Хурсандиам ҳадду канор надошт. Аз шодӣ номи писарамро Тӯймурод гузоштам.
Он рӯз барои ман ду тӯй буд, яке писардор шудану дигаре тӯйи бародарам. Шаби тӯй бо ҳамсабақонам рақсидему бозидему хурсандӣ кардем.
Рӯзи дигар Нигинаро аз беморхона ба хона овардем. Модарам нигоҳубини Нигинаю набераашро ба зимма гирифта, Нигинаро модарвор нигоҳубин мекард. Тифлакамро ба оғӯш кашида, мебӯсидаму қабат-қабат гӯшт мегирифтам. Он шаб аз нисф гузашта буд, ки занги телефонам садо дод. Хавотир шуда, зуд гӯширо бардоштам. Салим буд.
- Тинҷӣ аст, ҷӯраҷон?-пурсидам бо ҳаяҷон.
- Напурс ҷӯраҷон. Арӯси ёфтаашон бокира набудааст. Падару модарашро ҷеғ зада, бо либоси арӯсӣ ӯро аз хона рондам. Падараш “фарзанде ки доғи волидон мешавад, оқ кардам” гӯён, шармандавор баромада рафт. Ба сарфу харҷи кардаам дилам месӯзад. Ҳамеша мисли зани ту духтари покдоманро орзу доштам.
- Ғам нахӯр ҷӯраҷон, ин дафъа барои ту худам арӯс меёбам,-тасаллияш додам.
Субҳи барвақт ба хонаашон рафтам. Модари Салим дар рӯи ҳавлӣ бо пару боли шикаста менишаст. Салим бошад, “дилам аз духтарҳо монд ҷӯраҷон, ба Русия меравам” мегуфт.
- Медонам, ки ин ҳама насибу тақдир аст, аммо падару модарамро гунаҳкор ҳисобида, бо онҳо ҷанҷол бардоштам. Маро то фурудгоҳ бубар ҷӯраҷон, - гуфт.
Ҳарчанд ӯро аз раъяш гардониданӣ шудам, бефоида буд. Ниҳоят ӯро гусел кардам. Чанд рӯз чизеро гум кардагӣ барин ғамгин шудам. Худро тоқаву танҳо ҳис мекардам.
Оҳиста-оҳиста ба набудани Салим одат кардам. Шукронаи зану фарзанду модари мушфиқамро мекардам. Рӯзҳову моҳҳо мегузаштанду аз Салим на хат буду на хабар. Як рӯзи истироҳат модарам пас аз ноништа гуфт:
- Биё ба хонаи ҷӯраат меравем. Дар тӯяш рафта натавонистам, кори хуб нашуд. Хабари шумро шунида, ғамгин шудам. Салим нест, аз ҳоли падару модари ӯ хабар гирифтан лозим.
Розӣ шудам ва модару писар ба роҳ баромадем. Мошин дар роҳ худ аз худ иллат пайдо кард. Хостам назди усто даромада, таъмир намоям, аммо модарам дер шуд гӯён, маслиҳат доданд, ки баъди бозгашт ба назди усто медароем.
Сухани модарамро нашикаста, роҳамонро давом додем. Ногаҳон аз самти муқобил мошине бо суръати баланд омада, бо садои даҳшатнок ба мошини мо бархӯрд. Аз ҳуш рафтам. Нолиши модар маро ба ҳуш овард. Бо сару рӯи хуншор ба модарам, ки дар паҳлӯи ман нишаста буд, нигаристам.
Модарамро оғуштаи хун дида, дубора аз ҳуш рафтам. Вақте ки чашмонамро кушодам, болои сарам духтурони зиёдеро дида, аз онҳо модарамро пурсидам.
Давом дорад ...