Вақте ки пиразани нафақахӯр Алмеда Эррелл аз иёлоти Теннесси писари худро аз даст дод, ҳеҷ гумон надошт, ки бори дигар ошиқ шуда, оила бунёд мекунад.
Аммо баъд аз муносибатҳои ошиқонаи сеҳафтаина Алмедаи он замон 77-сола ва Гэри Хардвики 17-сола издивоҷ намуданд. Айни замон зану шавҳар дар хонаи Алмеда умр ба сар мебаранд.
Алмеда бо шавҳари аввалааш 43 сол якҷоя умр ба сар бурдааст ва баъди марги шавҳар марги ҷигарбанди худро низ дида, аз дунё комилан ноумед гашта буд. Шавҳари ҷавонаш Гэри бошад, ҳанӯз дар синни 7-солагӣ ба муаллимааш дил баста буд ва ҳамеша майл ба бонувони калонсол дошт.