Arzon march 2024
ЮСУФ РАҲМОН ПАРВАНДАИ ИНОЯТЗОДАРО ШАРҲ ДОД
2107

Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, ки бо гумони содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ боздошт шудааст, ба муомилоти нави ғайриқонунии замин айбдор дониста мешавад. Дар ин бора Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 14 июл зимни нишасти матбуоть ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Прокурори генералӣ овозаҳоро дар робита ба он ки гӯё дар асоси дастури Иноятзода ёрии башардӯстонаи Пешвои миллат ба шаҳр, аз ҷумла ғизо ва дору фурӯхта шудааст, рад кард, аммо ҷузъиёти онро шарҳ надод.

Тибқи иттилои Прокурори генералӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ прокурорҳои кишвар беш аз 600 қарори роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишварро дар бораи ба таври ғайриқонунӣ ҷудо кардани замин бекор кардаанд.

Ба гуфти Юсуф Раҳмон, шуруъ аз аввали сол дар кишвар барои фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин нисбат ба 3,2 ҳазор мансабдор парвандаҳои маъмурӣ ва 512 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. “Аз ин миқдор тақрибан 6,3 ҳазор гектар замин ба фоидаи давлат баргардонида шуд”, - гуфт Прокурори генералӣ.

Қаблан, сомонаи “Оила” дар такя ба маркази матбуоти КДАМ хабар дода буд, ки рӯзи 8 июн Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлоб бинобар содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии дастгир карда шуд.

Қабл аз ин, 27 майи соли 2020 Хуррамов Хурсандалӣ Пардаевич, ронандаи автомашинаи хизматии Иноятзода ва рӯзи 3 июни соли 2020 мудири қабулгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонов Фирӯз Давлатхоҷаевич бо гуноҳи қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ Хуррамов Х. П. ва Қурбонов Ф. Д. далел пешниҳод кардаанд, ки онҳо ин кирдорҳояшонро бо супориши Раиси шаҳри Кӯлоб Б. Иноятзода содир намудаанд. Ҳамчунин, аз сокинони шаҳри Кӯлоб якчанд ариза доир ба амалҳои коррупсионии раиси шаҳр ворид гардид. Ҳангоми санҷиш далелҳои дар аризаҳо овардашудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд.

Нисбат ба Баҳром Иноятзода аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Баъди ин иттилое ҳам пайдо шуд, ки Иноятзода дар беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб аз коронавирус табобат мегирад. Сироятшавии Иноятзода ба вируси COVID-19 рӯзи 4-уми июн тасдиқ шуда буд. Табибони собиқ шаҳрдор зимни суҳбат гуфтанд, ки тасби ӯ мувофиқ ба 38 буд.

Ҳамон рӯз Муҳаббат Иззатова, хоҳари Иноятзода дар суҳбат бо мухбири мо гуфта буд, ки замони дастгиркунии бародараш ҳарорати ӯ 38-39 буд. Ба гуфти хоҳари ӯ бародараш фишори баланд ва бемории қалб дорад: "Хӯрок бурдем. Аз тиреза ба сӯямон даст афшонд. Касе ҳақ надорад, ки ба наздаш дарояд".

Баҳром Иноятзода 1 декабри соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (он замон Институти политехникии Тоҷикистон) - ро бо ихтисоси архитектураи биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ хатм кардааст. Иноятзода солҳои 2014 - 2017 – муовини раиси вилояти Хатлон, аз соли 2017 раиси шаҳри Истаравшан буд ва аз моҳи майи соли гузашта раиси шаҳри Кӯлоб таъин гардидааст.

Феълан, Абдуқодир Вализода, раиси шаҳри Кӯлоб мебошад.

 

 

P. S: Сомонаи “Оила” ин қазияро пайгирӣ намуда, аз рафти он шуморо огоҳ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД