Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри шаҳри Кӯлоб дар беморхонаи сироятии шаҳр аз коронавируси нав табобат мегирад.
Сироятшавии Иноятзода ба вируси COVID-19 рӯзи 4-уми июн тасдиқ шуда буд. Табибони собиқ шаҳрдор зимни суҳбат гуфтанд, ки то ҳол тасби ӯ аз 38 поён нафуромадааст.
Муҳаббат Иззатова, хоҳари Иноятзода дар суҳбат бо мухбири мо гуфт, ки замони дастгиркунии бародараш ҳарорати ӯ 38-39 буд. Ба гуфти хоҳари ӯ бародараш фишори баланд ва бемории қалб дорад: "Ҳамин субҳ хӯрок бурдем. Аз тиреза ба сӯямон даст афшонд. Касе ҳақ надорад, ки ба наздаш дарояд".
Қаблан сомонаи “Оила” дар такя ба маркази матбуоти КДАМ хабар дода буд, ки рӯзи 8 июн Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлоб Тоҷикистон бинобар содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии дастгир карда шуд.
Инчунин, 27-уми майи соли 2020 Хуррамов Хурсандалӣ Пардаевич, ронандаи автомашинаи хизматии Иноятзода ва рӯзи 3 июни соли 2020 мудири қабулгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонов Фирӯз Давлатхоҷаевич бо гуноҳи қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд.
Дар рафти тафтишоти пешакӣ Хуррамов Х. П. ва Қурбонов Ф. Д. далел пешниҳод кардаанд, ки онҳо ин кирдорҳояшонро бо супориши Раиси шаҳри Кӯлоб Б. Иноятзода содир намудаанд. Ҳамчунин, аз сокинони шаҳри Кӯлоб якчанд ариза доир ба амалҳои коррупсионии раиси феълии шаҳр Баҳром Иноятзода ворид гардид. Ҳангоми санҷиш далелҳои дар аризаҳо овардашудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд.
Айни ҳол, нисбат ба Баҳром Иноятзода аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Баҳром Иноятзода 1 декабри соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (он замон Институти политехникии Тоҷикистон) - ро бо ихтисоси архитектураи биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ хатм кардааст. Иноятзода солҳои 2014 - 2017 – муовини раиси вилояти Хатлон, аз соли 2017 раиси шаҳри Истаравшан буд ва аз моҳи майи соли гузашта раиси шаҳри Кӯлоб таъин гардидааст.