Агентии иттилоотии “Ховар” дар такя ба маркази матбуоти КДАМ хабар додааст, ки имрӯз Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлоб Тоҷикистон бинобар содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии дастгир карда шуд.
Қабл аз ин, 27-уми майи соли 2020 Хуррамов Хурсандалӣ Пардаевич, ронандаи автомашинаи хизматии Иноятзода ва рӯзи 3 июни соли 2020 мудири қабулгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонов Фирӯз Давлатхоҷаевич бо гуноҳи қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд.
Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” дар рафти тафтишоти пешакӣ Хуррамов Х. П. ва Қурбонов Ф. Д. далел пешниҳод кардаанд, ки онҳо ин кирдорҳояшонро бо супориши Раиси шаҳри Кӯлоб Б. Иноятзода содир намудаанд. Ҳамчунин, аз сокинони шаҳри Кӯлоб якчанд ариза доир ба амалҳои коррупсионии раиси феълии шаҳр Баҳром Иноятзода ворид гардид. Ҳангоми санҷиш далелҳои дар аризаҳо овардашудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд.
Айни ҳол, нисбат ба Баҳром Иноятзода аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Баҳром Иноятзода 1 декабри соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (он замон Институти политехникии Тоҷикистон) - ро бо ихтисоси архитектураи биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ хатм кардааст. Иноятзода солҳои 2014 - 2017 – муовини раиси вилояти Хатлон, аз соли 2017 раиси шаҳри Истаравшан буд ва аз моҳи майи соли гузашта раиси шаҳри Кӯлоб таъин гардидааст.
“Радиои Озодӣ” дар такя ба Фирӯз Холиқов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Турсунзода хабар дод, ки чанд лаҳза пеш Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон Абдуқодир Вализодаро, раиси муваққати шаҳри Кӯлоб таъин кардааст.
Вализода Абдуқодир Исуф аз моҳи феврали соли 2018 дар мансаби раиси шаҳри Турсунзода кор мекард. Ӯ 3 марти соли 1964 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст. Соли 1983 Техникуми политехникии шаҳри Душанбе ва соли 1996 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси хоҷагии қишлоқ, хатм кардааст.
Солҳои 2010 - 2013 ба ҳайси раиси ноҳияи Ховалинг, солҳои 2013 - 2018 раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, аз феврали соли 2018 то имрӯз раиси шаҳри Турсунзода буд. Феълан дар бораи ҷойивазкунандаи ӯ дар ин мақом ягон хабар нест.
Сомонаи “Оила” ин қазияро пайгирӣ намуда, аз рафти он шуморо огоҳ мекунад.