Formula novemver 2024
ЙОГА ЧӢ ФОИДА ДОРАД?
3319
ЙОГА ЧӢ ФОИДА ДОРАД?
Йога таърихи чандин ҳазор солаҳо дорад. Дар водии дарёи Ҳинд якчанд мӯҳре ёфта шуда буд, ки ба давраи тамаддуни ҳиндии солҳои 3300-1700 то мелодӣ рост меоянд.

Дар он мӯҳрҳо тарзҳои гуногуни исти йога тасвир ёфтаанд. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон йога маҳбубияти хосса дорад. Ба ҳамин хотир ҳама мехоҳанд ба саволи “Йога барои чӣ фоида дорад? ” посух гиранд. Йога маҷмӯи машғулиятҳои ҷисмонию руҳиро дар бар мегирад ва хусусиятҳои зеринро дорост:

• Имкон медиҳад, ки ҳолати стрессӣ бартараф шавад • Асабро ором ва барқарор менамояд
• Сутунмӯҳраро қавӣ мегардонад;
• Қувваи ҷисмониро тақвият мебахшад;
• Ҳаракати банду буғумро беҳтар менамояд;
• Идораи нафаскаширо меомӯзонад;
• Ба ҷавонтар ва сиҳаттар шудани организм мусоидат менамояд;

СӮҲБАТИ МОРО ДАР ИН МАВЗӮЪ БО МУТАХАСИСИ ИН СОҲА ДИЛБАРБОНУ МУТАВАҶҶЕҲ БОШЕД!

Гузориш бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст .Oila.tj барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд. USAID созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Фаъолияти USAID ба пешбурди амнияти миллии ИМА ва шукуфоии иқтисодии он равона шудааст, саховатмандии Амрикоро нишон медиҳад ва ба рушди худбоварӣ ва устувории кишварҳои манфиатбар саҳм мегузорад.
 
 
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД