Гумшуда
Аз ғайбзании Нигора се ҳафта гузашта бошад ҳам, даракашро ҳеҷ намеёфтанд. Пайвандонаш тайёр буданд, ки барои пайдо кардани маълумоти хурдакаке дар бораи Нигора тамоми дороияшонро нисор намоянд, вале духтарро гӯё замин ба комаш фурӯ бурда бошад, ягон кас ӯро надида буд.
Баъди ғайбзании Нигора бародараш талоқи занашро дода, ду фарзандашро зиндаятим кард, чунки маҳз аз рӯйи ҳамин зани беандеша яккадухтари хонадон бе ному нишон ғайб зад. Янгааш Малика дар ҳаққи духтарак туҳмат карда, овоза паҳн намуд, ки Нигора бо касе ишқбозӣ карда, ҳомиладор шудааст. Ҳаққу ҳамсоя, хешу табор, ҳама дар ҳамин хусус пичир-пичир мекарданд. Духтарак ба овозаю ҳангомаҳои гирди номаш пайдошуда тоб наоварда, як шоми наҳс аз хона баромад ва бо ҳамин бедарак гашт.
Хобҳои парешон
Модару бародаронаш қариб ҳар шаб ӯро хоб медиданд. Нигора аз онҳо имдод меҷуст ва гӯё касе ӯро буғӣ мекарда бошад, ҷонҳавл дасту по зада, гиря мекард. Аҳли хонадон аз ин хобҳои даҳшатбор бештар ба ташвиш афтода, мурғи посӯхта барин худро ба сад дар мезаданд, то дараки духтари аз барги гул нозуктарашонро пайдо намоянд, вале ҳайҳот...
Нигораро париҳо дуздиданд ё..?
Дар байни мардум дар бораи Нигора гапу калочаи бисёре пайдо шуда буд, яке мегуфт, ки гапи янгааш ҷон доштааст, агар Нигора ҳомиладор намебуд, аз хонаашон намегурехт, дигарӣ ҳадс мезад, ки шояд духтар аз тарси кӯдаки ҳаромӣ зоида, шармандаи дӯсту душман гаштан худашро ба дарё партофта бошад, саввумӣ тахмин менамуд, ки бо занҳои бероҳа ҳамроҳ шуда ба Дубай рафтааст...
Фолбин чӣ гуфт?
Натиҷа надодани кофтукоби кормандони милиса модари фарзандгумкардаро дилшикаста намуда, ба дари ҷодугару фолбинҳо бурд. Домуллоҳо рӯйи китоб кушода мегуфтанд, ки духтар дар як ҷойи торик маҳкам аст, фолбинҳо бошанд, андешаи муллоҳоро рад намуда, воҳима мекарданд, ки ба Нигора парӣ ошиқ шудааст ва деву ҷину аҷинаҳо духтаракро дуздида ба паси куҳи қоф бурдаанд. Дили бе ин ҳама сӯхтаи модар бо шунидани ин суханони ҳавлангез бештар алов мегирифт ва худро ба сад дар мезад. Кампири Меликой бо умеди бозгашти духтараш чанд бузу гӯсфандро қурбонӣ карда, хун баровард, ба чандин мазорҳои зӯр кулчаю ҳалво бурда, чароғу нӯкча монд, то фарзандаш аз доми ҷину париҳо раҳоӣ ёфта, сиҳату саломат баргардад, вале на қушқори сиёҳ ба дардаш даво гашта тавонисту на хуни такаи сафед пеши корашро равшан кард, Нигора ҳамоно гумном ва бедарак буд. Касе дар борааш чизе намедонист...
Ғамбемор
Модари Нигора, холаи Меликой шабу рӯз дар ғами духтари ягонааш мисли булбули зор менолид. Оқибат ғами фарзанд ӯро аз по афтонд. Фишори хунаш баланд гашта, занаки бадбахтро ба қавли кампиракон “давлени зад”. Чанд рӯз боз вай дар беморхона беҳушу беёд мехобид. Духтурон ҳаёташро дар хатар гуфта, доруву дармони бисёре мефармуданд. Писарҳои холаи Меликой тамоми дороияшонро сарф карда, халта-халта дору меоварданд, то ҷони модарро бихаранд. Фарзандони кампир хобу хӯрокро фаромӯш карда, шаб то саҳар дар паси дари беморхона буданд ва худоро зорӣ мекарданд, ки ба ҳоли бе ин ҳам зори онҳо раҳм карда, модарашонро шифо диҳад.
Пайғом аз олами ғайб
Ба бахти фарзандонаш кампири Меликой зинда монд ва чанд рӯз пас бо пойи худаш роҳ мегаштагӣ шуд. Табобат ҳанӯз ба охир нарасида бошад ҳам, модар ду пояшро ба як мӯза андохта аз бачаҳояш талаб намуд, ки ӯро ба хона баранд. Фарзандон ночор забонхат навишта модарашонро аз беморхона бароварданд. Шаби нахустини ба хона баргаштан модар боз Нигораашро хоб дид. Дар танаш куртаи куҳнаи ҷо-ҷо дарида дошт Нигора дар хоби модар ва бо мӯйҳои кушодаи жӯлидаю парешон гириста-гириста, ҷониби ҳезумхонаи куҳнаашон, ки дар як гӯшаи дури боғ буд ва чанд сол боз касе дарашро намекушод, мерафт.
Кампири Меликой “Нигора!!!” гӯён, фиғони талхе кашида бедор шуд. Аз даҳшати хоби дидааш модари зор дар обу арақ тар шуда, қариб дилаш аз қафаси синааш баромада буд. Вай чанд лаҳза дар рӯйи бистари хобаш беҳису карахт нишаст, баъд ҷисми бемору афгорашро базӯр кашолакунон аз ҷояш бархоста, уфу пуфкунон рӯйи ҳавлӣ баромад. Қувваи ноаёне ӯро ҷониби ҳезумхона кашида, дилаш гувоҳӣ медод, ки асрори ғайб задани Нигораро бояд дар ҳамин вайрона ҷуст...
Арӯси дар расан овезон
Кампири Меликой хобашро ба писари дуюмаш Асрор гуфт ва очаю бача ҷониби ҳезумхона равон шуданд. Азбаски ин бинои куҳна барқ надошт ва ҳатто рӯзона ҳам рӯшноии офтоб ба он қариб, ки намерасид, Асрор чароғаки дастиро бо худ гирифт. Дар наздикии ҳезумхона бӯйи нофорамеро ҳис карда ба дили кампир алов афтид. Асрор ҳам чизеро пай бурда, бо дастони ларзон қулфро кушод ва бо чароғаки дасташ ҳезумхонаро равшан намуд ва якбора “воҳ” гуфта, дар ҷояш нишаст. Чароғак аз дасти ҷавон афтид. Модар, ки дар паси Асрор рост меистод, танҳо як чизро мушоҳида намуд, ки дар сақфи ҳезумхона чизе овезон аст. Вай осемасар чароғакро дубора равшан намуда, нури онро ба ҳамон тараф равона кард ва ҷасади духтари нокому гумномашро дар расан овезон дида, аз тарс гурсосзанон ба замин афтид.
Бозёфти ҷигарсӯз
Асрор аҳли оила ва ҳамсояҳоро ба ёрӣ хонда, бо чашмони гирён ҷасади хоҳари ягонаашро аз расан озод карда гирифт. Ҷасад бӯ гирифта, аллакай ба вайроншавӣ сар карда буд. Нигораи ноком пеш аз маргаш барои исботи бегуноҳии худ ба пайвандонаш нома навишта, бо китоби муқаддаси Қуръон қасам ёд кардааст, ки овозаҳои дар ҳаққи вай паҳн кардаи янгааш дурӯғанд ва то ҳол ягон ҷавон ҳатто дасти ӯро бо нияти бад надоштааст. Духтурҳо низ ҷасадро муоинаю ташхис намуда, пок будани Нигораро тасдиқ намуданд. Ҷасади Нигораро ба хок супурданд. Кампири Меликой аз ғами духтари ҷавонмаргаш ба сактаи дил гирифтор шуда аз олам чашм пӯшид. Ҷасади очаю духтарро дар як гӯристон паҳлӯ ба паҳлӯ ба хок супурданд...