Ман дар оилаи камбизоат ба воя расидаам, аммо тағоҳоям одамони сарватманду пулдор буданд. То зангириашон ба модарам “шавҳараш бемору маъюб аст” гӯён, кумак мекарданд, аммо баъди оиладор шуданашон махсусан янгаи калониам намегузошт, ки тағоям ақаллан ба хабаргирии модарам биёяд.
Модари ман ҳамчун ягона апа, доимо дилаш сӯхтаву хавотир шуда, барои тағоҳоям кулчаву орзуқ пухта, ба хабаргирӣ мерафт. Боре маро ҳам ҳамроҳаш бурд. Тағои калониам соҳиби вазифа буд ва он рӯзи зодрӯзаш мансабдорони зиёде ба хонаашон омада буданд. Янгаи бадрафторам модарамро ба хонача дароварда, лаганди кулчаву орзуқро дида, гуфт, ки “апа, ин чӣ чизи овардагиатон, боз аз орди гандум пухтаед? Аз ин хонача берун набароед. Мабодо ҳамкорони додаратон шуморо бо чунин либоси фақирона набинанд” ва баромада, савғотии модарамро ба сатили партов чаппа кард. Ман давида аз сатили партов кулчаҳои модарам пухтаро гирифтам. Тағоям ин ҳолро дида, дод зад, ки “ту магар ин қадар гушнаӣ, ки партов мекобӣ?” Ман дасти модарамро гирифта, маҷбур ба хона омадем ва то рӯзи марги тағоям боре ба хонаашон нарафтам.
Модарам фарзанди падар гуфта, тағоямро суроғ мекард. Солҳо гузаштанд. Баъди марги тағоям дигар янгаамро касе суроғ намекунад. Ба хонаи мо зуд-зуд омада, гиря мекунад, ки танҳоӣ мекашаду мо ба хабаргирияш равем, аммо доғи ҳамон кулчаҳои гандумии модар ҳеҷ аз дилам намеравад ва ҳаргиз янгаамро намебахшам!
Маҳина