Яккаписар
Пирумшо байни шаш духтар писари ягона ва кенҷаву эркаи амаки Сайвалӣ буд. Чун баъди духтарон, ба ҳазор мазор чароғ монда, ӯро дар 50-солагӣ пайдо карданд, бинобар ин, номашро Пирумшо гузоштанд.
Ӯ умеди ягонаи пиру кампир буд. Шаш духтар низ ӯро рӯ-рӯйи даст бардошта, ба воя расониданд.
Гули чизро мехӯрду гули чизро мепӯшид. Ҳамин аст, ки аз даврони кӯдакӣ хеле ҳавобаланду саркаш ба воя расид. Падару модар низ ба кирдору рафтори ӯ чашм мепӯшиданд ва “калон шавад, ақлаш медарояд, нағз мешавад”-гуфта, худро ором мекарданд.
Пирумшо пас аз хатми мактаб ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шуд, то ки дар оянда судя ё прокурор шавад.
Ҷанги шаҳриву деҳотӣ
Дар донишгоҳ Пирумшо зуд ба дили духтарон роҳ ёфт. Либосҳои зебову шинам мепӯшид, телефони қимматбаҳо дошт. Худаш ҳам дилёб ки буд, зуд маҳбуб шуд. Ҳамкурсаш Нозияи шӯху бало бе парда ба ӯ гуфт:
-Пирҷон, тезтар аз байни ҳамкурсонамон ягон зебосанамро интихоб кун, вагарна насибаи кадом духтари қишлоқии фисин гашта, ҳайф мешавӣ!
Аз ин эродҳои олуда ба ҳасади Нозия ҳамсабақони деҳотияш хафа шуда, аз ҳар кунҷ овоз баланд мекарданд:
-Барои ҳайф нашуданаш ба пояш занҷир карда, ба пои худат банд. Намурдӣ, ту ашрофзода! Мо, қишлоқиҳо ҳамин Пирро ба ту бахшидем, маликаи рӯи замин…
Пирумшо аз шунидани ин ҳарфҳо курта-курта гӯшт мегирифт.
Дар факулта ҳамроҳи ӯ фарзандони прокурору судяҳо ва генералҳо таҳсил мекарданд, вале ӯ худро аз онҳо паст намегирифт, балки виқору ғурураш аз онҳо болотар буд.
Ҳамкурсон ҳам фикр мекарданд, ки ӯ аз оилаи ягон мансабдор ё сарватманди калон аст. Онҳо намедонистанд, ки падари Пирумшо синнаш аз 70 гузаштаву фоидаи мағозаи ягонаашро сарфи карру фарри писараш мекунад.
Сайд ба дом афтид
Амаки Сайваливу холаи Зуҳро, падару модари Пирумшо орзу доштанд, ки ба хонаашон келини худотарсу бомаълумот оварда, сарфу харҷи зиндагиро ба ӯ супоранд.
Бинобар ин, ба Пирумшо таъкид карданд: “Марҷона, духтари Файзалии ҳамсояамон ба ту мувофиқ аст. Дар Донишгоҳи тиббӣ мехонад. Хушахлоқ асту паричеҳра. Модараш моил аст, ки ӯро ба ту диҳад. Дилашро ёб!”
Пирумшо низ гапи падару модарашро ба замин нагузошта, аз пайи Марҷона шуд.
Арафаи Наврӯзи оламафрӯз буд ва Пирумшо мисли дигар донишҷӯён роҳ сӯи деҳа пеш гирифт.
Пайти Марҷонаро ҷуста, дар мошини кироя дар паҳлӯи ӯ ҷой гирифт ва раҳораҳ бо суҳбат кард. Ҳамин тавр, дар чанд рӯзи ҷашни Наврӯз дили духтарро ёфт ва ба модараш гуфт: “Масъала ҳал, аз пайи Марҷона шавед!”
Шодиву хурсандии пиру кампирро интиҳо набуд.
Асири бойдухтар
Пиру кампир хурсандӣ карда, дарк намекарданд, ки Марҷонаро ба дом афтодани писарашон воситаи даҳонбандӣ асту халос. Зеро Пирумшоро дар сар фикрҳои дигар буд.
Ӯ дар яке аз шабнишиниҳо бо Гулафзо ном бойдухтар, ки аз ӯ чанд сол калон буд, шинос шуда, бо вай робита пайдо карда буд. Гулафзо ҳам барои Пирумшо молу сарвати зиёдро нисор мекард, то ӯ камбудӣ надошта бошад.
Як рӯз Гулафзо ба Пирумшо гуфт:
-Пир, ман аз оилаи хеле ва хеле сарватманд ҳастам. Падару бародарони ман одамони доро ҳастанд. Вале онҳо намедонанд, ки ман фиреб хӯрда, духтариамро аз даст додам.
Мана ту чанд вақт шуд, бо ман ҳастӣ. Ту маро ба никоҳат дарор. Майлаш, дар деҳаатон зани дигар гир. Ман розӣ, фақат номуси маро хар.
Пирумшо ҳам розӣ шуда, Гулафзои катазанро ба никоҳи худ дароварда буд.
Бинобар ин, ният дошт, ки дар деҳа Марҷонаро ба занӣ бигирад ва дар шаҳр кори нағз ёфта, бо Гулафза айшу ишрат карда гардад.
Вале...