1xbet
Яккачинҳои Тоҷикистону Малдив дар Хуҷанд бозӣ мекунанд
22.07.2025
Oila.tj
90

Федератсияи футболи Тоҷикистон макони баргузории бозии хонагии тими миллии кишварро дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» муайян кард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, бозии Тоҷикистону Малдив рӯзи 9-уми октябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мешавад.

Интихоби шаҳри Хуҷанд ҳамчун макони баргузории бозии тими миллии Тоҷикистон аз ташаббусҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон барои таблиғи футбол дар манотиқи мухталифи кишвар ва барои мухлисон фароҳам овардани фазои дастгирӣ аз мунтахаби Тоҷикистон гуфта мешавад.

Бояд зикр намуд, ки дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд қаблан бозиҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон, Ҷоми КФО ва ҳамчунин вохӯриҳои дӯстона миёни дастаҳои миллии гуногуни Тоҷикистон баргузор шуда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД