Ҳамасола 23-юми февралро дар кишвари мо ҳамчун рўзи «Ҳомиёни ватан» бо шукуҳу шаҳомат таҷлил менамоянд. Дар ин рӯз бонувон ба падар, бародар, шавҳар ва дигар мардони барояшон азиз туҳфаҳо тақдим намуда, онҳоро бо ҷашни мардонагиву ҷасорат муборакбод мегӯянд. Дар арафаи ин иди мардона мо ба кӯчаҳои шаҳр баромада ба чанд нафар хонумҳои зебо бо саволҳои зерин муроҷиат намудем:
Марди идеалӣ аз нигоҳи шумо кист?
Дар рӯзи ид ба марди дӯстдоштаатон чӣ туҳфа карданиед?
Мавзунаи Маҳмадалӣ, рўзноманигор:
Мардро зан марди майдон мекунад!
Беҳуда Ҳаким Фирдавсӣ нагуфтааст:
Зани хубу фармонбару порсо,
Кунад марди дарвешро подшоҳ.
Ягон кас аз модараш марди асил таваллуд намешавад. Барои мардро ба маънии томаш мард сохтан зан бояд талош намояд. Марде, ки хонуми хуб дорад, оҳиста-оҳиста ба зинаҳои баланд мерасад, вале зан бефаросат бошад, марди бузургро оқибат хори сари роҳ ва ҳақиру нотавон хоҳад кард. Дар масъалаи 23-юми феврал бошад, ҳаминро мегӯям, ки ин идро дар хонаи мо ҳамасола ҷашн мегиранд. Албатта туҳфаҳо ҳам мехарем, вале беҳтарин дастовези мо ба мардони азизамон меҳру муҳаббати самимӣ ва дастурхони пурнозу неъмат аст. Аз фурсат истифода бурда, Рӯзи ҳомиёни Ватанро ба кулли мардони тоҷик муборакбод мегӯям!
Зарина, роҳгузар:
Мардҳои асил мисли динозаврҳо нест шуданд
Ман то имрӯз марди асилро во нахӯрдаам. Гумон мекунам, ки аслан дар зиндагии имрӯзаи мо марди идеалӣ вуҷуд надорад, чунки қариб ҳама мардон занҳоро хор мекунанд, ҳуқуқҳои бонувонро поймол менамоянд, занро мезананд, дашному озор медиҳанд. Мардони асил ким-кайҳо мисли динозаврҳо мурда рафтанд. Одатан занҳои якум гумон мекунанд, ки занҳои дуюм эркаю азиз ҳастанду мисли шоҳбону зиндагӣ мекунанд, вале дар асл чунин нест. Худи ман зани дуюм ҳастам ва ошкоро мегӯям, ки хушбахт нестам. Шавҳарам ҳафтае як бор ба хона меояд ва албатта бо ягон баҳона диламро сиёҳ карда меравад. Тақдирам ҳамин будааст, чӣ кор кунам? Ба ҳар ҳол “сари кафида таги тоқӣ” гӯён, дар рӯзи иди мардон ба кошонаи ҳусн рафта, худамро орову торо медиҳаму омадани шавҳарамро интизор мешавам. Барояш аллакай як атри қимматбаҳо харидам, то нагӯяд, ки зани ман хасиси мурда будааст.
Ҳусейнова Гулнора, хонашин: Як бӯсаи «тенҷ» туҳфа мекунам
Ман ҳамон мардро дар ҳаёт марди идеалӣ меҳисобам, ки хушфеъл бошад, хушрафтор бошад, дорои хислатҳои хуби мардона бошад, ҳурмату эҳтироми оилаашро ба ҷо биёрад, фарзандонашро дар руҳияи одамгарӣ тарбия намояд, барои Ватану миллат содиқона хизмат кунад. Мардҳои мо ҳамаашон идеалӣ ҳастанд. Дар рўзи ид барои шавҳарам дастархони идона ва меороям ва барояш як бўсаи «тенҷ» туҳфа мекунам.
Қарчибекова Фахрия: Идеаламро пайдо накардам!
Ман айни ҳол дӯстдошта надорам, раваду дар оянда ягон ҷавони табъи дилам пайдо шавад, аввал хуб санҷида мебинам, ки пулпарасту мошиндӯстдор ва росиян набошад. Бигзор камбағал бошаду ростқавл ва ба муҳаббати ман ҳеҷ гоҳ хиёнат накунад. То 23-юми феврал чанд рӯзи дигар ҳаст, мабодо то ид чунин ҷавон пайдо шавад, диламро ба ӯ туҳфа мекунам.
Шаҳнозаи Муҳаммад: Сюрприз карданиям
Ба назари ман марди асил ҳамонест, ки хоксор, заминӣ ва ростқавлу меҳрубон бошад. Дар масъалаи туҳфа бошад, чизе гуфтан намехоҳам, чунки ҷавони дӯстдоштаи ман мухлиси «Оила» аст. Намехоҳам ин суҳбатро хонда, чӣ туҳфа карданамро фаҳмад. Мехоҳам дар рӯзи ид ба ӯ сюрприз кунам.
Шабнам, донишҷӯ: Агар то он рӯз ҷанг нашавем…
Гапро зиёд намекунам. Ман бо сухани ширин азизи диламро шод месозам, агар то он рўз ҷанг нашавем. Ӯ маро дўст медорад ва тайёр аст, ки бо тўю тамошо арӯс карда ба хонаашон барад. Ман ноз карда, биё тӯйро ба соли дигар монем гуфта истодаам, то ки қадрқу қиматамро баландтар бардорам. Маҷнуни ман тортро дӯст медорад. Рӯзи 23-юми феврал як торти бомаза мепазам ва бо суханони “ту барои ман аз ҳама болотарӣ” ӯро табрик мекунам.
Саидова Сабоҳат, корманди фирмаи “Фаберлик”:
Ба ягон мард туҳфа накардаам, аммо…
Ишқи мо поку беолоиш аст, вале аз сабаби он ки то имрӯз ба ягон мард туҳфа накардаам, барои ошиқам чӣ хариданамро намедонам. Аз наздиконаш оҳистаяк мепурсам, ки ӯ чиро дӯст медорад ва қимат бошад ҳам, ҳамон чизро мехарам. Хурсандии марди дӯстдоштаам барои ман аз ҳама чиз боло меистад.
Гулчеҳра, нависанда: Ба номи марду ба коми мо
Марди идеалӣ мардест, ки дар зиндагӣ аз ў дида марди беҳтарин нест. Аз одобаш фарзандонаш ибрат мегиранд ва бо чунин падар фахр мекунанд. Марди идеалӣ дорои хулқу атвори нек ва барои дигарон намунаи иборат аст. Дар масъалаи туҳфа бошад, чизеро ҳадя мекунам, ки барои тамоми аҳли оилаамон зарур бошад, масалан яхдон харида «ба номи шумою ба коми мо» гӯён, ба шавҳарам туҳфа мекунам. (Механдад)
Фарзона, китобхоначӣ: Марди асилро аз даст додам
Ман марди идеалиро дар зиндагӣ дучор гашта будам, вале тақдири номард моро аз ҳамдигар ҷудо кард. Имсол дар фикри туҳфа нестам, чунки дар барам марде нест. Умедворам, ки Худованд мани аз ҳаёт як маротиба дилшикаста шударо бо ягон марди нек рӯ ба рӯ намуда, хушбахт месозад.
Тангагул, донишҷўйи Коллеҷӣ тиббӣ Ба бабник дил намедиҳам
Талабгорони ман аз мўйи сарам зиёданд, лекин то ҳол марди ҳақиқиро наёфтаам. Ҳамаи ҷавононе, ки аз пасам кашола мешаванд, ягон камбудӣ доранд, дастатро медоранд ё мехоҳанд туро ба ягон ҷои хилват баранд. Бадбахтона имрӯз аксари ҷавонмардон ба духтар аз рӯйи либосаш баҳо медиҳанд. Диданд, ки шим ё либоси аврупоӣ дорӣ, дарҳол туро духтари сабукпо гумон мекунанд. Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки аз ин тоифаи мардон дур бошам. Намехоҳам диламро ба ягон бабник бахшида, баъд як умр азоб кашам.
Омодасозон: Рустам ва Амина