arzon replenishment
10-Фоидаи бӯса
4335

Олимони олмонӣ исбот намуданд, ки бӯса ба табъи инсон таъсири мусбӣ мерасонад. Бӯсаи 20 сониягии саҳаргоҳӣ табъи шуморо тамоми рӯз болида нигоҳ медорад.

Имрӯз мо ба шумо дар бораи 10 фоидаи дигари бӯса маълумот медиҳем.

1. Бӯса хароб мекунад
Бӯса аз рухсора панҷ калорияро месӯзонад. Ҳангоми бӯсаи боҳарорат бошад то 30 калория нобуд мегардад. Парҳезҳои дилбазанро партофта бӯсобӯсӣ кунед!

2. Бӯса вирусҳоро мекушад
Нафароне, ки зиёд бӯсобӯсӣ мекунанд, хеле кам ба духтур муроҷиат менамоянд. Гап сари он аст, ки ҳангоми бӯсобӯсӣ дар ҷисм нейропептидҳо коркард шуда, бактерияҳои касалиовару вирусҳоро нобуд месозанд. Бӯса кунеду масунияти баданатонро баланд бардоред.

3. Бӯса-адреналини беҳтарин
Бӯсаи боҳарорат дар мағзи сар ҳамон реаксияҳои кимиёвиеро ба вуҷуд меорад, ки вақти бо парашют паридан пайдо мешаванд. Дар натиҷаи бӯсобӯсӣ дар хун сатҳи адреналин баланд шуда, боиси фаъолнокии ақлонӣ ва ҷисмонӣ мегардад. Бо муҳаббат машғул шавед, на бо ҷанг!


Инсон бояд пеш аз ҳама ояндаи худро фикр кунад. Имкон медоштам, ба ғайр аз сарояндагӣ боз тиҷорати худро мекушодам..

 


4. Бӯса-доруи зидди дард
Бӯсаи шахси дӯстдошта таъсири таскинбахш доштааст. Олимон исбот намуданд, ки таъсири таскинбахшии бӯсаи ошиқона аз морфий 200 маротиба зӯртар аст. Саратон ки дард кард аз мардатон хоҳиш намоед шуморо бибӯсад.

5. Бӯса-мӯҳри хомӯшӣ
Воситаи беҳтарини аз суоли мард гурехтан ё мардро «хомӯш» сохтан бӯса мебошад. Бо ёрии бӯса аз ҷангу ҷанҷол эмин мондан мумкин аст.

6. Бӯса талоқро пешгирӣ мекунад
Тибқи омор 40 фисади ҷуфтҳои оилавӣ бар онанд, ки бӯсаи франсузӣ инъикоскунандаи муҳаббат аст. Ба ақидаи равоншиносон бӯсаи дурудароз талоқро пешгирӣ менамояд.

7. Бӯса рағбатро афзун месозад
94% бонувон аз бӯса кайфияти шаҳвонӣ мебардоранд. Рафту аз бӯса рағбататон бедор нашавад ҳам, вақтатон ҳатман хуш мегардад.

Бӯса-машқи беҳтарин барои дил
Бӯса- машқи беҳтарин барои дил ва рагҳои хунгарди дил будааст. Ҳангоми бӯсобӯсӣ набзи инсон то 150-180 зарба дар як дақиқа дар бонувон зиёд мешаваду дар мардон то 150-180 зарба. Аз ин хотир бӯса бемории дистонияи рагҳои хунгарди дил ва халалёбии гардиши хунро дар ҷисми инсон пешгирӣ менамояд.

Бӯса -давои рӯҳафтодагӣ
Равоншиноси амрикоӣ Эрик Берн бар он ақида аст, ки бӯса дар ҳаёти ҳама нақши муҳимро мебозад. Ин равоншинос мегӯяд, ки бӯсаи шахси дӯстдошта давои беҳтарин аз стресс ва рӯҳафтодагист.
Табибон бар он ақидаанд, ки шахси бӯсаро дӯстмедошта 12 сол зиёдтар умр мебинад. Бигзор бӯсаи шумо як ё хубтараш се дақиқа давом кунад. Ҳангоми бӯсобӯсӣ чашмонатонро напӯшед, он гоҳ фоидааш бештар мегардад.

Бӯса-давои дарди дандон
Бӯса бемории кариес ва пародонтозро муолиҷа мекардааст, аз ин хотир баъди хӯрокхӯрӣ ба ҷойи дандоншӯйӣ бӯсобӯсӣ кунед. Бӯса вораҳои дандонро маҳс мекунад.
Ҳангоми бӯсобӯсӣ пӯст аз хун ғанӣ гашта, чандир мегардаду чинҳои хурд ҳамвор мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Madina 2019-10-16, 22:33
Ин гап дуруст астт мана боварим нест ин гапба
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Madina 2019-10-16, 22:33
Ин гап дуруст астт мана боварим нест ин гапба
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД