Sebiston new 2024 october
ВОСЕЪ: СОКИНОН ГУЛОБОДИ ҲАҚИҚӢ БУНЁД КАРДАНД!
25.11.2020
Сухроб
1387
ВОСЕЪ: СОКИНОН ГУЛОБОДИ ҲАҚИҚӢ БУНЁД КАРДАНД!

Ҳуқуқ ба муҳити солим яке аз ҳуқуқҳои конститутсионии инсон аст, ки ҳамаҷониба ба ҳаёти шахс ва шаҳрванд таъсир мерасонад ва бо нигоҳ доштани шароити муътадили экологӣ, иқтисодӣ ва эстетикии зиндагии ӯ алоқаманд аст. Ин ҳуқуқ бо ҳуқуқи инсон ба ҳаёт ва ҳифзи саломатӣ зич алоқаманд аст.

Табиати гирду атроф ва омилҳои табиӣ барои ҳаёти ҳаррўзаи шахс аҳамияти калон дорад. Инсон то дами охирин бо табиат алоқаманд буда, тамоми талаботҳои худро аз он қонеъ мекунад. Табиати сайёраи мо барои тандурустии шахс бисёр омилҳоро муҳайё кардааст, лекин тандурустии инсон аз ҳолати ин омилҳо хеле вобастагии калон дорад.

Дар ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ деҳае ҷойгир аст бо номи Гулобод, вале хилофи номи худ ин деҳа солиёни зиёд пур аз партову боқимондаи ашёҳои нолозими сокинон буд. Истиқоматкунандагон ҳарчанд таассуф мехӯрданд, ки бо сабаби ифлосии ҳаво ва муҳити зист нафаси тоза гирифта наметавонанду якҷоя бо партовҳо умр ба сар мебаранд, вале илоҷи дигаре ҷуз пешаи сабр надоштанд. Зеро аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ҷое муқаррар нашуда буд, ки ба онҳо чун партовгоҳ хидмат намояд. Бинобар ин, пасмондаи хӯроку дигар лавозимоти нодаркори худро ба дохили ҷӯйҳои обгузару шафати роҳи нақлиётгард мепартофтанд.

Дидани ин ифлосиҳо қалбашонро ором нагузошту хостанд муҳити деҳаро мутобиқ ба номаш гардонида, Гулободи ҳақиқиро созмон диҳанд. Ба ин хотир, бо роҳбарии Маҳмадалӣ Шаробов гуруҳи корӣ оид ба муколамаи ҷамъиятии ҷамоати деҳот таъсис дода шуд. Дар доираи лоиҳаи “Дастрасӣ ба адолат” – и Ҳукумати Швейтсария ва дастгирии филиали Ассотсиатсияи Ҳелветас Свисс Интеркооперейшн, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятиии “Маркази дастгирӣ ва омӯзиши ташкилотҳои ҷамъиятӣ” амалӣ мегардад, фаъолони маҳал мониторинги иҷтимоиро дар асоси пурсиши 400 нафар гузарониданд. Аз ин шумора, беш аз 200 нафар пурсидашудаҳо набудани ҷой барои партофтани партовро мушкилии рақами 1 гуфтанд. Ба гуфти сокинон онҳо маҷбур буданд партови худро дар маконҳои ҷамъиятӣ ва назди хонаҳои истиқоматиашон партоянд.

“Мушкилии асосии сокинони деҳа ҷамъшавии партовҳо ва набудани ҷойи аниқ барои партофтани онҳо буд. Ҳар боре, ки мо дар ҳудуди деҳа гаштугузор менамудем, медидем, ки сокинон дар лаби каналу қади кӯчаҳо, маконҳои бозии кӯдакон, заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва назди хонаҳои истиқоматӣ ашёҳои нолозими худро мепартофтаанд. Ба хулосае омадем, ки нуқтаи партовпартоӣ ташкил кунем. Аз ин рӯ, барои ин кор гуруҳи корӣ таъсис додем”, - гуфт Маҳмадалӣ Шаробов, ки роҳбарии гуруҳи корӣ оид ба муколамаи ҷамъиятии ҷамоати деҳотро бар уҳда дорад.

Баъди ин назарпурсиҳо гуруҳи корӣ бо ширкати фаъолони маҳал муколамаи ҷамъиятӣ гузаронид, ки дар он мавзӯи мазкур ҳамчун мушкилии асосӣ баррасӣ гардид. Сипас, бо пешниҳоди гуруҳ аз ҷониби ҷамоати деҳот барои ташкили партовгоҳ ҷой ҷудо карда шуд. Гуруҳ ҳамроҳи аҳолӣ тавассути ҳашар партовгоҳро омода карданд. Онҳо маконро тоза карда, партовҳоро бароварданд ва атрофашро девор гирифтанд.

“Мушкилии мо акнун осонтар шуд, чунки тавонистем барои партофтани партовҳои худ ҷой ташкил намоем. Дар оянда ният дорем, ки ҳамроҳи одамон силсилаи фаҳмондадиҳиҳоро гузаронем, то одамон ба навъҳо ҷудо кардани партов ва коркарди онҳоро омӯзанд. Аз миёни партовҳое, ки дар замин ҳал мешаванд, сокинон метавонанд компос омода намоянд. Ашёҳои пластикию оҳанҳоро бошад, ба нуқтаҳои қабул бурда супоранд. Бо ин роҳ мо мехоҳем сокинон ҳам даромад ёбанду ҳам дар муҳити солим зиндагӣ намоянд”, - гуфт Маҳмадалӣ Шаробов. Ӯ мегӯяд, ки ин ташаббусро сокинони дигар деҳаву ҷамоатҳои ноҳияи Восеъ низ дастгирӣ карданд.

Бояд гуфт, ки дар доираи лоиҳаи “Дастрасӣ ба адолат” – и Ҳукумати Швейтсария филиали Ассотсиатсияи Ҳелветас Свисс Интеркооперейшн дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2017 бо мақсади муайян ва ҳалли мушкилоти ҳуқуқиву иҷтимоии дар байни аҳолӣ мавҷудбуда мониторинги иҷтимоӣ ва муколамаҳои ҷамъиятӣ мегузаронад. Дар доираи ин лоиҳа мутахассисон омодаанд, ба тамоми корафтодагоне, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд, холисонаву сари вақт кӯмаки худро расонида, мушкилоти онҳоро ҳаллу фасл намоянд. Айни замон, дар 34 ноҳия ва шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 бюрои давлатии ҳуқуқӣ ва 39 ҳуқуқшиноси давлатӣ фаъолият мекунанд, ки ҳамарӯза дар хизмати мардум қарор доранд. Шумораи нафароне, ки дар давраи фаъолияти марказҳои ҳуқуқӣ ёрии ҳуқуқӣ гирифтаанд, беш аз 60 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Агар шумо низ мушкилии ҳуқуқӣ дошта бошед, ба рақами 3040 занг занед ё ба сомонаи WWW.HUKUKIMAN.TJ ворид шавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД