Ато Мирхоҷаи Неру, муовини раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон бо андуҳи зиёд аз даргузашти дардноки шоира ва нависандаи соҳибном, муаллифи таронаи машҳури «Хьаб баробар осмӯнанден хъитэрзьен қашқатор» (Ними шаб дар осмонҳо ахтарон саф мекашанд), Гулнисои Ризвоншо хабар додааст.
“Гулнисо дардҳои зиёде дар ҳаёти кӯтоҳаш таҳаммул кард. Дастикам панҷ маротиба ҷарроҳӣ дид ва ҷарроҳии охиринаш, моҳи декабри соли гузашта, дар ниҳоят ин зани матиниродаро шикаст ва ба коми аҷал тела дод”, - навиштааст муовини раиси ИНТ..
Бояд гуфт, ки давоми панҷ соли охир Гулнисо беш 20 ҳикояву қисса ва шеъру достон барои кӯдакон навишт, ки бештарашон чоп шуда, чандтои дигар дар арафаи чопанд.
Гулнисо ба забони шуғнонӣ низ аз худ барои кӯдакони ҳамтабораш китобҳои хонданӣ боқӣ гузошт, ки бешубҳа ганҷинаи хазинаи тиллоии адабиёти помиризабонанд.
“Вақте се-чор сол пеш Гулнисоро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул мекардем, устод Гулрухсор чорҷилдаи «Фолклори Помир»-ро ба даст гирифт ва гуфт:
– Ман дар бораи шеъру ҳикояҳои Гулнисо гап намезанам. Танҳо ҳамин кореро, ки дар гирдоварӣ ва ба чоп омода кардани дурдонаҳои адабиёти шифоҳии мардуми Бадахшон кардааст, бас буд, ки ӯро чанд сол пеш ба узвият пазируфта, ҷоиза ҳам медодем».
Худованд подоши некиҳои дар ҳаққи халқ кардаи ин инсони зебо ва адиби доноро бидиҳад”, - навиштааст дар идома Ато Мирхоҷа.
Гулнисои Ризвоншо соли 1965 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Ӯ соли 1983 донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон шуд ва баьди хатми бомуввафақияти он ба Хоруғ баргашта, дар мактаби зодгоҳаш ба ҳайси омӯзгор оғози фаьолият намуд. Гулнисо дуюмин шоираи кӯдакона дар Бадахшон буд, баъд аз Мирсаид Миршакар.
Ӯ муаллифи чандин китобҳо, чун " Боғи ҳазорсеб" "Бузғолаи Шух" ва ғайраҳо буд, аммо бештар шеърҳову афсонаҳои кӯдаконаро ба қалам медод. Гулнисои Ризвоншо, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва номзади илмҳои филологӣ буд.