Formula novemver 2024
Витилиго ва усулҳои халқии табобати он
926

  Салом! Ман оиладор ва соҳиби 5 фарзанд мебошам. Кӯдаконам ягон иллат надоштанд, вале дар бадани писари калониам якбора доғҳои сафед пайдо шуданд.

Ба духтури пӯст бурдем, табибон пас аз муоина гуфтанд, ки кӯдак ба бемории витилиго гирифтор шудааст. Касе дар авлоди мо чунин дард надошт. Ҳайронам, ки чаро писарам дар 12- солагӣ худ аз худ ба ин беморӣ мубтало гашт.

Шунида будам, ки табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев ин бемориро табобат мекунад. Аз ҳамин хотир, бо умед ба ҳафтаномаи “Оила” муроҷиат намудам, то ки аз ин табиби машҳур маслиҳат бипурсам.

Сарвиноз, сокини шаҳри Ҳисор.Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ

 

Хоҳари азиз, сабаби асосии пайдо шудани доғҳои сафед дар пӯст ин норасоии меланин мебошад. Мубодила ё синтези меланин асосан дар ҷигар сурат гирифта, баъд ин пигмент ба пӯсти инсон мегузарад. Гоҳо ин раванд вайрон шуда, меланин ба баъзе мавзеъ ва нуқтаҳои пӯсти бадан намерасад. Ин боиси пайдо шудани доғҳои сафед дар пӯст мегардад, ки онро бо забони тиббӣ витилиго меноманд.

Тавсияи ман ҳамчун табиб ба шумо он аст, ки ҳатман фарзандатонро пурра аз ташхис гузаронед, зеро ин беморӣ асосан бар асари иллатҳои ҷигар, ғадуди зери меъда, ғадуди болои гурда, ғадуди сипаршакл ва роҳ ёфтани инфексия ба организм пайдо мешавад.

Илми тиб бо ҳама пешравиҳо ва қудрате, ки дорад, витилиго ва псориазро дарди бедаво мешуморад, вале банда дар китобҳои қадимӣ чанд роҳи табобати онро пайдо намуда, чандин нафар маризонро аз чунин доғҳои сафед наҷот додам. Барои табобати витилиго гиёҳҳои хеле нодири оқирқир, раҷул-ул-ғуроб ва занҷабил лозиманд, ки танҳо дар Кирмоншоҳ ва мавзеи Куҳи Бесутуни Эрон мерӯянд.

Ҷавзи ҳиндӣ, нилуфар, саъди куфӣ, мастакӣ, киндир, мехак, афсантин ва турбидро низ барои табобати витилиго истифода бурдан мумкин аст, вале тарзи тайёр кардани даворо аз гиёҳҳои номбаркардаам ман ба шумо гуфта наметавонам.

Сабабаш дар он аст, ки ин гиёҳҳо дар хориҷи кишвар мерӯянд ва мо онҳоро бо фармоиши махсус мегирем, баъдан шумо миқдори истифодаи ҳар як гиёҳро намедонед ва дар сурати ба хатогӣ роҳ доданатон ба ҷойи фоида ба бемор зарар расонида метавонед.

Барои пешгирии афзоиши доғҳои сафед метавонед момирон, чойкаҳак, чоқла, решаи аир, риши ҷуворӣ, чилбуғум ва кокутиро ҷӯшонда, обашро ба писаратон диҳед, вале барои табобати беморӣ кӯдакро ба беморхонаи пӯст ё ба назди мо оварданатон лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД