toyota motors
Вазнинтарин одами ҷаҳон
03.05.2026
Oila.tj
66

Ҷон Миннок, сокини Вашингтон ҳанӯз дар синни 12-солагӣ 135 кило вазн дошт. То синни 37-солагӣ вазни ӯ ба 635 кило расид.

Дар натиҷа, ӯ ба норасоии дил гирифтор шуд ва маҷбур гардид дар беморхона бистарӣ гардад. Аз сабаби вазни зиёд, ӯ мустақилона ҳаракат карда наметавонист, 12 нафар ӯро то мошини ёрии таъҷилӣ бардоштанд. Миннок ду сол дар беморхона зиндагӣ кард ва дар ин муддат 419 кило вазн кам намуд, ки ин ҳам як рекорди таърихист.

Аммо оқибатҳои фарбеҳии шадид саломатии ӯро хароб карданд ва ӯ дар синни 41-солагӣ аз олам гузашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД