Салом ба муштариёни сомонаи Оила. ТЧ
Ман як зани 38 солаи соҳиби маълумоти олӣ ва мақому вазифа ҳастам. Ростӣ, ҳамарӯза худам ба даҳҳо нафар маслиҳату машварат медиҳам ва дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки рӯзе ба маслиҳати дигарон зор мешавам, аммо ҳоло дар вазъияте мондаам, ки ҳеҷ роҳи ҳаллашро пайдо карда наметавонам. Аз ҳамин хотир бо умед ба сомонаи Оила. ТЧ муроҷиат намудам, ки шояд касе ба ман ягон маслиҳати дуруст медиҳад.
Гап дар сари он аст, ки ману шавҳарам натанҳо ҳамсар, балки хешу табор низ ҳастем. Волидонам ба хотири канда нашудани риштаи хешу таборӣ маро ба писари аммаам ба шавҳар доданд. Албатта зиндагӣ бе пастиву баландӣ намешавад ва мо ҳам ба ҳама шебу фарозҳои ҳаёт тоқат карда, бо инояти парвардигор соҳиби се фарзанд гаштем. Аввалҳо кору бори шавҳарам хуб буд, бо тиҷорат машғул шуда, пули калон кор мекард, вале баъд ба қавли мардум “маст шуда” дар болои ман зани дигар гирифт. Тамоми ёфту тофташро ба ҳамон зани ҷавони таннозаш сарф намуда, оқибат шавҳари сарватмандам муфлис шуда монд, яъне “бонкрот” шуд.
Ҳамин тавр ман маҷбур шудам, ки худам ба кор баромада, аробаи зиндагиро ба пеш кашам. Азбаски саводам хуб ва зани кордон ҳастам, дар муддати начандон зиёд зина ба зина боло рафтам. Айни замон дар як корхонаи бонуфуз ҷонишини директор шуда кор мекунам. Шавҳарам се сол боз дар ягон ҷо кор намекунад ва ба қавли худаш аз зиқӣ ва нобарории корҳояш рӯ ба шароб овардааст. Ҳарчанд мисли дигар мардон арақ хӯрда, ҷангу ҷанҷол накунад ҳам, масту аласт гаштанаш тамоман ба ман писанд нест. Чанд бор гуфтам, ки ҳамин арақи зормондаро нанӯшед, вале дар ҷавоб мегӯяд, ки ман ӯро намефаҳмам, агар нанӯшад, аз дарду алам девона мешавад...
Хулласи калом, амма-хушдоманам мехоҳад, ки ман шавҳарамро дар корхонаи худам ба кор бигирам, то ки ҳушаш ба кор шуда, аз маю шароб даст кашад. Шавҳарам низ майли ҳамроҳи ман кор кардан дорад. Албатта дар ҳар як корхона як-ду штати холӣ ёфт мешавад ва директор ҳам гапи маро дар замин намемонад, вале аз он ҳарос дорам, ки мабодо шавҳарамро ба кор бигираму баъд ба гапам гӯш накунад ва вазифаҳояшро иҷро накарда, ба қавле маро “подводит” кунад, ҳам дар хона ва ҳам дар ҷойи кор ба моҷаро гирифтор мешавам. Аз тарафи дигар ман хислати мардони тоҷикро хуб медонам ва аз он ҳарос дорам, ки мабодо ёру ҷӯраҳояш зердасти ман шудани шавҳарамро фаҳмида, ба ҳолаш хандида, ӯро занкалон гуфта, масхара накунанд. Худо накарда, чунин шавад, сарам дар балои бад гирифтор мешавад. Аз як тараф бисёр мехоҳам, ки шавҳарам соҳиби ҷойи кор шуда, аз одати бади худ даст кашад ва маю шарбро партофта аз паси зиндагӣ шавад, вале андешаи он ки дар корхонаи худам ба кор гирифтани шавҳарам дар оянда боиси баҳсу моҷароҳои зиёде гашта метавонад, маро тамоман пакар кардааст.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Шавҳарамро дар корхонаамон ба кор дарорам ё аз бало ҳазар гуфта, ӯро ба ҳоли худаш монам?
Г. С, ш. Душанбе