Дар фасли зимистон ҳодисаҳои сӯхтани кӯдакон тез-тез рӯй медиҳанд. Кӯдаки бечора аз дард ба худ печида, бо тамоми овоз мегиряд, вале модар даступохӯрда шуда чӣ кор карданашро намедонад.
Ба хотири кӯмак ба модарони ҷавон ва ҳанӯз бетаҷриба имрӯз мо дар боби ёрии аввалин ба кӯдаки сӯхтагӣ каме маълумот медиҳем.
Фалокати ногаҳонӣ
Маъмулан вақте кӯдаки орому осуда бозӣ карда истодааст, баногоҳ чойнаки чойро дар рӯйи даст ё пояш чаппагардон мекунад ва аз дарди ҷонкоҳ фиғонаш ба фалак мепечад, калонсолони ба даҳшат афтода, худро гум мекунанд ва намедонанд ба тифлаки гирён чи тавр мадад расонанд. Яке крахмал пешниҳод мекунад, дуюмӣ картошкаи қима, сеюмӣ равғани офтобпараст.
Крахмал ва равған муфиданд, вале чӣ бояд кард, агар кӯдаки бечора дар ягон моеи кимиёвӣ сӯхта бошад?
Худо накарда чунин ҳодисаи ногувор рӯй диҳад ва кӯдакатон ягон моеи кимиёвӣ (уксус, спирти нашатир, пергидроль, персоль)-ро ба даст гирифта, аз он зарар бибинад, дарҳол ҷойи осебдидаро бо об шуста, сипас онро бо дока бубандед.
Ях дардро кам мекунад
Муфидтарин коре, ки дар мавриди сӯхтани тифл карда метавонед, пораи яхро ба ҷои сӯхташуда гузоштан аст. Даст ё пойи кӯдак сӯхта бошад, беҳтараш ҷойи зарардидаро дар таги оби равон дошта истед. Оби хунук паҳн ва калон шудани мавзеъи сӯхтагиро пешгирӣ намуда, дардро камтар месозад. Фаромӯш накунед, ки ҷойи сӯхташударо ҳар 15 дақиқа «хунук” кардан лозим аст. Ҷойҳои сӯхтаи бадани кӯдакро бо клеенкаи дар оби хунук тар карда печонед ва ҳамин, ки гармтар шуданд, тарбандиҳоро иваз намоед. Обилаҳои дар ҷои сӯхтагӣ пайдо шударо накафонед, то кӯдакро ба дарди тоқатфарсо гирифтор карда, азоб надиҳед. Кафондани обилаҳо боз як хатари дигар дорад-инфексия ба ҷисм ворид мешавад. Барои шахси сӯхтагӣ сардкунӣ кӯмаки аввалин гашта метавонад, табобати минбаъдаро бошад духтур анҷом медиҳад.