Arzon march 2024
ВАРЗИШИ “ДАНДОНШИКАН”
03.09.2023
ОИЛА
1001

 

Александр Овечкин, Александр Радулов, Ҷон Таварес, Данкан Кит ва Даниэл Седин... Ин ситораҳои ҳоккейро, ки дар дастаҳо ва кишварҳои гуногун ҳунарнамоӣ мекунанд, як чизи умумӣ ба ҳам меорад: надоштани ҳадди ақал як дандон.

Аз ҳисоби оне, ки ҳоккей варзиши тамосист (контактный вид спорт) дандонҳои варзишгарон дар тамрин ё бозиҳо ҳангоми бархӯрд бо рақибон мешикананд. Ин дар ҳолест, ки онҳо кулоҳи муҳофизатӣ доранд.

Тибқи тадқиқоти Detroit Free Press, ҳадди ақал 68 дарсади ҳоккейбозони касбиро як дандонашон шикастааст.

Аксари ҳоккейбозон то анҷоми корномаи варзишӣ барои барқарор намудани табассуми зебо таваккал намекунанд, зеро боз имкони шикастани дандон мавҷуд мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД