Аксари тоҷикистониён аллакай бо исми Мубинҷон Аҳмадов шинос ҳастанд, чунки ӯ гуштигири тарзи юнониву румӣ буда, моҳи феврали имсол дар Ҳиндустон дар вазни 63 кило барои ишғол намудани ҷойи сеюм соҳиби медали биринҷӣ гашт. Мебоист аз 12 то 17-уми декабр дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар шаҳри Белгради Сербистон иштирок мекард, аммо як ҳафта қабл ӯро бо корд маҷрӯҳ намуда буданд, ки ҳоло дар беморхона бистарӣ аст.
"Бояд дар сабқати ҷаҳонӣ дар Сербистон Тоҷикистонро муаррифӣ мекардам ва шояд бо ҷоиза бармегаштам, вале ин ҳодиса маро натанҳо аз ҷоиза маҳрум кард, балки шояд барои муддате аз пой афтонд", -- мегӯяд ҷабрдида.
Ба иттилои расмӣ, ҳодиса шаби 6-уми декабр баъд аз бозии футбол дар Боғи Ғалабаи шаҳри Хуҷанд рух додааст, аммо тафсилоташ рӯзи 14-уми декабр дастрас гардид.
Назари ҷониби дигари ҳодиса маълум нест. Мақомот ному насаби иштиркодорони қазияро бо сабаби халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот ошкор намекунанд.
Бинобар шарҳи духтурон, корд ба шушу ҷигар ва атрофи гурдаи Мубинҷон Аҳмадов осеб расондааст. Аз ҷарроҳии ӯ як ҳафта мегузарад, аммо ҳанӯз роҳ гашта наметавонад.
Акбар Шарифов, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба сомонаи Оила гуфт, ки дар робита ба ҳодиса ба зидди ду нафар парванда кушоданд. Яке аз онҳо 15-сола ва дигаре 21-сола буда, расман ба "авбошӣ" ва "қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ" муттаҳаманд.
Шарифов гуфт, навраси 15-соларо ба ҳабси пешакӣ гирифта, гумонбари дувумро бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист ҷавоб доданд.
Дар ин занозанӣ Исроил Умаров, яке аз дӯстони Мубинҷон Аҳмадов низ маҷруҳ шудааст. Хабарнигори сомонаи “Озодӣ” Умаровро дар бемористон вохӯрдааст. Ӯ гуфтааст, ҳамлварон ба синну сол аз онҳо хурд будаанд ва онҳоро ғофилгир кардаанд. "Вақте ба рафиқам ҳамла карданд, барои муҳофизати ӯ рафтам. Ба ман низ ду корд заданд. Як корд ба пуштам ва дигараш ба паҳлуям расид", -қисса намудааст ӯ.
Уғулой Ашрафова, модари Мубинҷон Аҳмадов ба радиои “Озодӣ” гуфтааст, "аз рӯи шуниди ман, ҷавонеро, ки дар ин ҳодиса гумонбар аст, аввал боздошт карда, баъд раҳо намудаанд. Баъди сиҳат шудани фарзандам то мақомоти болоӣ шикоят мебарам, ки чаро гунаҳкори асосиро боздошт накардаанд."