Arzon march 2024
ВАЪДАҲОИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ РУСТАМ ЛАТИФЗОДА
01.09.2020
ОИЛА
4664

 Нахустин номзад ба курсии президентии Тоҷикистон дар Интихобот-2020, ки 11 октябр баргузор мешавад, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода ваъда додааст, ки бисёрзаниро қонунӣ мегардонад.

Аввали моҳи октябри соли равон дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Ҳизби аграрии кишвар ба ин маъркаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда номзади худро пешбарӣ кард.

Раиси Ҳизби аграрӣ нахустин номзаде буд, ки хост дар интихоботи раисҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзад. Ӯро дар ҷаласаи ҳизб 15 августи соли равон пешбарӣ карданд. Шиори ҳизбаш: "Зиндагии хуб барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон".

Ваъдаҳои пешазинтихоботӣ:

- Ба эътидол овардани баҳсҳои марзӣ ва аз ҳисоби кӯчонидани тоҷикони этникӣ ба хотири ҳаёти осоишта бо муҳайё кардан ба дигар этносҳо ҳудудҳои кафолатдодашуда барои зиндагӣ.

- Воридшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо дарназардошти манофеи миллӣ
- Пурра озод кардани соҳаи хоҷагии қишлоқ аз андоз
- Барои дастгирии хоҷагии қишлоқ аз ҳисоби шарикони рушд ва дигар манбаҳо ташкили Фонд ё Бонк.

- Барои ҳамагуна ширкатҳои саноативу истеҳсолӣ стандартҳои ягона ҷорӣ намуданд.
- Дубаробар зиёд кардани маоши муаллимони мактабҳои миёна
Қонунӣ гардонидани бисёрзанӣ.

Рустам Латифзода 27 ноябри соли 1960 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳшиносии шаҳри Ленинград (имрӯз Санкт-Петербург)-ро хатм кардааст. Ихтисосаш муҳандис -гидротехник, муҳандис эколог. Ӯ ҳамчунин узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти кориро Рустам Латифзода аз соли 1984 ба ҳайси муҳандис, муҳандиси калони Колонаи механиконидашудаи сайёри 31, муассисаи сохтмони махсуси “Тоҷикводстрой” оғоз кардааст.

Сипас соли 1989 ба ҳайси сармутахассис, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии ҳифзи табиати Тоҷикистон кор кардааст.

Аз солҳои 1993 то 2001 мутахассис, сармутахассиси шуъбаҳои Коплекси агросаноатӣ шуъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор кардааст.

Пас аз соли 2001 то соли 2004 дар вазифаи муовини аввали вазири ҳифзи табиати Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Солҳои 2004 - 2006 ба ҳайси муовини раиси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2006 то 2007 ба ҳайси Директори Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои оби Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Тоҷикистон фаъолият дошт.

Аз соли 2007 то 2008 сардори Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиати Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Тоҷикистон ва аз соли 2008 то соли 2010 ба ҳайси сардори Раёсати захираҳои об, илм ва техникаи Вазорати мелиолратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон кор кардааст.

Дар соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чаҳорум интихоб гардид.

Ҳамчунин Рустам Латифзода аз соли 2013 то соли 2014 дар вазифаи раиси ноҳияи Восеъ, вилояти Хатлон кор кардааст.

Дар соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД