1xbet
Беваи ҳафт дар (ҚИСМИ 3)
932

Баддаҳон

Акнун худам медонистаму дави аспам, хоҳам ягон вақт ба хабаргирии хушдоманам мерафтам, нахоҳам не. Аз ҳисоби ҳамсояҳоям як-ду дугона доштам ва корам рӯзи дароз чақ-чақу дугонабозӣ буд. Хусурам ҳамеша меҳмони азизи хонадони ман буду ҷонашро аз ману духтарчаам дареғ намедошт. Худамро хушбахтарин зани дунё эҳсос намуда касеро писанд намекардам.

Дар хонаи рӯ ба рӯйи мо марди миёнсоле мезист, ки тақдири аҷоиб дошт. Ин марди сарватманд аз зани аввалаш ду духтар дошт, духтарҳо шавҳар карда дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекарданд, зани аввалааш бемори фалач буду дар бистар мехобид. Зани бемор ба шавҳараш иҷозат додааст, ки зани нав гирад, зани нави мард ҷавонзани қоматбаланди сафедандоми зебо бохчонашро нигоҳубин мекард. Ҳама ҳамсояҳо ба ин зан бо назари меҳр менигаристанд, ки ба бохчонаш ин қадар меҳрубон аст. Палонҷаш ҳам Хадичаро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошту ҳамеша дуои ҷонашро мекард, воқеае шуду ана ҳамин Хадичаи зеборо, ки аз ман понздаҳ-бист сол калон буд ба худ душман эълон кардам.

Аслан ҳамсояҳоямон ҳама занони аз ман калон бошанд ҳам ман дар маъракаҳо аз ҳама болотар шишта ба касе гап намедодам, ҳамеша тахту бахтамро таъриф мекардаму онҳо бо даҳони во ба ман менигаристанд. Боре дар як маърака Хадичаро зиёд таъриф карданду ман гуфтам:

- Ин зан ба хотири хонаю дару шаҳр хизматгори бохчонаш шудааст, кӣ беҳуда як зани бегонаро нигоҳ мекунад?!

Як зани ҳамсоя сахт карда гуфт:

- Мебахшеду даҳонатонро нигоҳ карда гап занед. Хадича хонаю дар ва писару келин дорад ба чизе чашм ало накардааст, аммо як чизи дигарро тақдир мегӯянд.

Ман гапи ҳамсояро гардонида гуфтам:

- Тақдир-пақдир дурӯғ аст, Хадичаи шумо ба хотири пулу моли мардак ва тӯҳфаҳои гаронбаҳои духтарони ӯ ифлосиҳои як кампири фартутро ба дидаҳо мебардорад…

Он зан ҳам паст наомада маро чанд носазо гуфту маъракаи хурсандӣ ба ҷанҷолхона табдил ёфт…

(Давом дорад)

ФОЗИЛА

Таснифи Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД