Коронавирус! Фоҷиаи аср! Даҳшати соли 2020! Вирусе, ки вазъияти дунёро дигар карду миллионҳоро аз ҷойи кор маҳрум сохт. Теъдоди зиёд гирифтори он шуда, саломатии худро пурра ва ё қисман аз даст доданд. Вуҳани чин тавлидгоҳи ин зарраи одамрабо маҳсуб меёбад. Вирус тавонист дар муддати кӯтоҳ оламро чарх занад.
Рӯзи 30 апрели соли 2020 он ба кишвари мо расид. Дар ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар он рӯз таъкид гардид, ки тибқи маълумоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии тоҷикистон 29 апрели соли 2020 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Бо назардошти ин вазъ ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пӯрзур намудани тадбирҳои зидиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи мавҷудияти бемории сироятиро расман эълон намуд.
Ин эълон Тоҷикистонро такон дод. Волидайни онҳое, ки писарашон дар муҳоҷират буданд, акнун умедашонро аз пул ёфтани ӯ канданд. Акнун муҳоҷирон худашон ниёз ба як бурда лаби нон доштанд.
Роҳҳо баста шуд, парвозҳо қатъ гардиданд. Корфармоён корро манъ карданд. Табаддулоти ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Вазъи иқтисодии ҷаҳон хароб шуд. Дар ин давра муҳоҷирон ва волидайни онҳо чӣ кор мекунанд?
Барномаи навбатии “Дарду дармон” дар кӯчаҳои пойтахт бо онҳое, ки наздиконашон дар ин давраи буҳронӣ дар муҳоҷират қарор доштанд, суҳбат намуда, назари оҳоро пешкашатон мегардонад. Дар фарҷом тавсияи равоншиноси маъруф Саидҷон Нодириро роҷеъ ба чораҳои гирифтор нашудан ба ковид – 19 бишнавед. “Дарду дармон” барномаест, ки нисбат ба вазъи сиҳатии шумо бетарафӣ намекунад. Моро пайгир бошед.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати 25 август дар кишвар 8379 нафар аз ин беморӣ сироят шуда, 7179 нафар шифо ёфта, 67 нафар вафот карданд.