Ҷаҳон ҷому фалак соқӣ, аҷал май,
Халоиқ боданӯши маҷлиси вай,
Халосӣ нест дар дунё касеро,
Аз ин ҷому аз ин соқӣ, аз ин май.
Субҳи имрӯз чӣ субҳи кулфатбор ва ҷигарсӯзе буд. Ин субҳи ситоракуш чароғи умри боз як ахтари дурахшни санъати тоҷик аз тундбоди аҷал хомӯш гашт. Аждари хуношоми марг бераҳмона ба гиребони марди бузурге панҷа зад, ки шабеҳи офтоб ба атрофиёнаш нӯру зиё мепошид.
Хуршеди тобоне, ки моро абадан тарк гуфт, ҳунарманди нотакрор, яке аз сутунҳои устувори ҳаҷви тоҷик, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Аловиддин Абдуллоев буд, ки сари субҳи солеҳон хабари ҷигарсӯзу ҷонгудози марги нобаҳангомаш дар сомонаву расона ва шабакаҳои иҷимоӣ паҳн гашта, дили мухлисони санъати асилро ба дарду сӯзиш овард.
Бо шунидани хабари марги ин марди бузург забонам лол гашта, ҳуш аз сарам парид. Ақлу дилам намехост бовар кунад, ки риштаи умри ин абармарди санъати тоҷик, ки вуҷудаш сар то ба по аз гили ҳунар сириштааст, якбора канда шуда, дигар ҳаргиз аз шӯхиҳои намакинаш лаззат бурда наметавонем. Худ ба худ зери лаб мегуфтам, ки на, набояд чунин бошад, охир ӯ ҳанӯз ҷавон буд, хеле ҷавон буд....
Дар дил худоро зорӣ мекардам, ки илоҳо ин хабари шум дурӯғ бошад, аммо дареғову дардо, ки аз панҷаи гирои аҷал касеро дар ин дунё роҳи гурез набудааст...
Ҳазрати Бедил барҳақ фармудааст:
Ашк як лаҳза ба миҷгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.
Оре, ҳаёти одамӣ ба ашки сари миҷгон мемонад. Марде, ки бо ҳунари волояш дар олами ҳаҷви тоҷик як дунёи садранг офарида буд, мисли ҳамон ашки сари миҷгон дар фосилаи як мижа задан ин дунёро падруд гуфта, бо адабият пайваст. Ба мисли ситораи дурахшоне, ки якбора аз осмон канда шуда, дар як чашмак задан нопадид мегардад, ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аз ин даҳри дудар бадар шуда, аз ӯ танҳо ёду хаёлу хотираҳои ширин боқӣ монданду халос...
Фарёд зи дасти фалаки ҷомакабуд,
Ёрони маро ягон-ягон маду бурд
Гар ин бшад, одати чархи кабуд,
Як рӯзи дигар навбати мо хоҳад буд.
Ёдам меояд, Аловиддин Абдуллоев дар як сӯҳбати хоса нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфта буд: Маро модарам дар саҳна зоидааст!”
Бисёриҳо дар он маҳфил ин ҳарфи ҳунарманди машҳуррочун як ҳазли ширин қабул карда, бо завқ хандиданд, вале дар асл худованд ӯро барои ба дигарон шодиву нишот бахшидан, барои саҳна, барои театри тоҷик офарида буд. Агар чунин намебуд, магар метавонист ба танҳоӣ дар як вақт чанд нақшро бозӣ карда, саҳнаҳои ҷолибе офарид, ки баъзан аҳли як театри калон аз ӯҳдаи офаридани чунин саҳнаҳои намакин намебароянд?
Аловиддин Абдуллоев танҳо як ҳунарманд не, як театри комил буд. Бале, як театри бузурги касбӣ, ки дар вуҷуди як ҳунарманд ҷой гирифтааст. Ӯ дар як намоиш метавонист ҳам мард бошад, ҳам зан, ҳам шоҳу ҳам гадо, ҳам духтур, ҳам омӯзгор, ҳам раису ҳам аробакаши бозор бошад...
Он қадар табиӣ нақш мебозид, ки кас аслан актёр будан, ҳунарманд буданашро фаромӯш карда, худро дар канори қаҳрамони офаридааш тасаввур менамуд ва аз ханда рӯдакан мешуд, аммо...
Ҳар як саҳначае, ки ин ҳунарманди бузург офаридааст, як достон аст. Як достони пур аз панду ҳикмати рӯзгор, вале афсӯс, ки умр ба ин ҳунарманди асил вафот накарда, дар айни ҷӯшу хурӯши зиндагӣ заҳри талху қаттоли марг ба ҷоми ҳаёташ рехт.
Аловиддин Абдуллоев ба мисли булбул умри хеле кӯтоҳ дид,вале ин абармарди саҳнаи тоҷик тавонист дар умри хеле кӯтоҳаш чунон шоҳкориҳое офарад, ки номи ӯро абадан зиндаву ҷовид медоранд.
Сутудан, васф кардани ҳунари Аловиддин Абдуллоев корест сангин ва басо дандоншикан. Барои тасвири вижагиҳои ҳунари ин ҳунарманди беназир ва нақши Аволиддин Абдуллоев дар рушду нумӯъи санъати тоҷик ба мисли худи Аловиддин дарку ҷаҳонбинии фарох ва ҳунару маҳорати нотакрор мебояд, аз ҳамин хотир мо ин рисолатро бар дӯши санъатшносон вогузор намуда, танҳо мегӯем:
Ёдат ба хайр бод, эй ҳунарманди асил! Ҷоят то абад дар дилу дидаи мо, мухлисону ҳаводоронат холӣ мемонад, вале худро бо он медиҳем, ки Худованадро аз чунин инсони фариштахисол хуш омадаву туро дар фирдавси барин ҳамнишини хеш гардонидааст. Ҷоят ҳамеша ҷаннати ҷовидон бошад, акаи Аловиддин!
Агар дар вақти рафтан гуфт, меоям, макун бовра,
Кӣ ӯ ҷон асту чун ҷон меравад, дигар намеояд!