sebiston july new
Уребча ҷойгузини лӯлак шуд
555

Аз замонҳои қадим навзодро баъд аз таваллуд зуд парпеч мекунанд. Ин суханро ба модарони замони муосир агар гӯед, ҷавоб медиҳанд, ки он вақтҳо барои майдачаҳо либоси кофӣ набуд. Барои ҳамин матои чоркунҷаро гирифта кӯдакро мепечонанд.

Вале парпеч намудани кӯдак якчанд сабабу аҳаммияти мусбат дорад, зеро тифл дар шиками модар дар ҷойи тангӣ “зиндагӣ” мекунад. Парпеч намудан дар рӯзҳои аввал давоми зиндагии кӯдакро нишон медиҳад. Яъне, тартиби дохили батнии навзод то як муддат идома меёбад.

Илова бар ин, табибон маслиҳат медиҳанд, кӯдаконе, ки камбудии хурди дасту пой доранд, парпечи дурусту маҳкам устухони мулоими ӯро ба равиши муқаррарӣ медарорад.

Инчунин, лӯлак ҳарорати муътадилеро, ки кӯдак дар батни модар дошт, таъмин мекунад. Ин навзодро барои мутобиқ шудан ба ҳавои берун аз батн одат мекунонад. Инчунин, барои нағз шудани ҷойи ноф хуб аст. Баъди афтидани ноф ҳанӯз ҷойи он пурра шифо наёфтааст ва мумкин аст, ки шамол хӯраду газак гирад. Парпеч кӯдакро аз шамолхӯрӣ эмин нигоҳ медорад.

Хубии дигари лӯлак дар он аст, ки шиками навзодро гарм нигоҳ медорад ва намегузорад, ки кӯдак шамол хӯрда зуд-зуд пешоб кунад. Вале инҷо саволе ба миён меояд, ки дар гарми кӯдак метавонад дар парпеч ором истад? Инчунин, дар гармӣ лӯлак пӯсти нозуки навзодро мелуҳонад. Пас, дар вақти сол навзодро чӣ хел печонем?

Бояд гуфт, ки ин амал дар вақти гармии сол ба мақсад мувофиқ нест. Дар ин вақт аз матоъҳои пахтагини мулоим ба монанди паплин курта ва шалвори кушоди зебое омода карда, кудакро пӯшондан лозим аст. Дар ин вақт навзодро оббозӣ даровардан фоиданок аст.

Соли 1950 дар Амрико уребчаҳои кӯдакона ихтироъ шуд. Аз он даме, ки он ба ҳайёти модарони кӯдакдор дохил шуд, хеле кори одамонро осон кардааст. Вале, онро ҳам бо меъёр ба муддати муайян пӯшонидан мумкин аст. Набояд кӯдак бо уребчаи пур зиёд гаштугузор кунад. Гурдаҳои кӯдак ба илтиҳоб (восполение) гирифтор мешавад ва дигар пешобашро дошта наметавонад. Ба ин хотир, андоза нигоҳ дошта шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД