- Мардак, духтарамонро аз тифлаш тоза кардем. Хуну гуноҳаш ба гардани Собиру беваи очааш. Рангу рӯяшонро дигар намебинем. Духтарам, духтур баъди тозакунӣ ягон тавсия дод?
- Чанд намуд дору навишта дод, очаҷон. Вале дар назарам кӯдакро ба тамом тоза карда натавонист.
- Ташвиш нашав, духтарам. Агар монда бошад, гашта аз нав тоза мекунанд…
- Мардак, дар куҷоӣ?,- аз гӯшии телефон шунидам овози изтиробомези занакро:
- Духтарамон кӯдакашро акнун ба тамом партофт. Ман-ку надидам, вале тифл писарак будааст. Чормоҳа, қабурғаҳояш, дастакону пояконаш ва ҳатто чашмонаш менамудаст.
- Ё тавба! Наход тифли чормоҳа ба ин дараҷа инкишоф ёбад?
- Духтарак дертар ба воя мерасад, аммо писаракро дар чормоҳагӣ аллакай муайян карда мешавад. Медонед, мардак, ману ту бояд, ҳамин ки аз кор баргаштед, бояд як корро ба пагоҳ намонда ба сомон расонем. Дар ҷойи корам занакҳои рӯзгордида фаҳмонданд, ки агар писарак дар батни модараш то чормоҳа бошад, калонсолон тибқи фармудаи шариат вазифадоранд ном гузошта ба хок супоранд дар таги ниҳоли сабз. Агар аз чормоҳа беш бошад, ҷаноза карда ба хок месупоранд.
- Кӣ фармудааст ин гапҳоро?,- ба ҳайрат омадам ман, ки дар умрам инро бори аввал мешунидам.- Не, наметавонам, худатон бурда гӯр кардан гиред! Шаб шуда истодааст охир! Пагоҳ илоҷашро меёбем.
- Ин кори мардону мӯйсафедон аст, мардакҷон! Ин кора бояд хапу дам кунем, ки ҳеҷ кас нафаҳмаду боиси гапу калочаи мардум нашавем.
Ҳоҷии ҳамкорам дурустии ин таъомули шариатиро тасдиқ намуда, таъкид кард, ки зудтар ба ҷо орем…
***
Шом торик буду боронӣ, ки ману занам роҳи гӯристони маҳалларо пеш гирифтем. Борон беист меборид, гӯё оби чашмони моро шустанӣ мешуд. Қудои ношукрро дуои бад кун он ҷасадпораи абгори латтапечи набераи нодида дунёамон - Муборизро, ки воқеан барои зинда мондан то дами вопасин ба аҷал муқобилият карда будаст, ба сари манзили хомӯшон расидем. Дар ин манзил як сол пеш бобокалонашро, ки қариб сад сол ҳаёти хушдида буд, ба роҳи охират гусел карда будем. Корд ба замини пурлойи бехи ниҳоли арча халонда, дар назарам онро ба тани худаму хусури зиндаёдам зада бошам, хориам дучанд шуду ҷасади ангушт барин майдаи Муборизро ба зери обу лой гузошта, «гӯр кардам». Худро ба мисли ҷинояткор ҳис кардаму оби чашмам шашқатор шуд. Занам ҳунгос мезад. Лаҳзае пеши назарам симои хусурам намуд, ки нигоҳаш маломатам мекард...
Эмоми НАЗАРИЁН