Салом ба аҳли эҷод ва хонандагони сершумораи сомонаи "Оила". Ман як зани шавҳардорам ва мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, маслиҳат пурсам.
Аз тӯйи арӯсиву домодии ману шавҳарам аллакай ду сол гузашта бошад ҳам, то ҳол соҳиби фарзанд нагаштаем. Бисёр зиқ шуда, гиря мекунам, вале шавҳарам заррае ҳам парво надорад.
Ман нав 20 сола шудаам ва модар будан мехоҳам, аммо шавҳарам аслан дар фикри фарзанддор шудан нест. Ӯ ҳамеша “мешавад” гӯён, даст меафшонад.
Ақалан барои тасаллии дилам намегӯяд, ки Худованд ба мо ҳам як фарзанд диҳад, то қатори дигарон кӯдакамонро сари даст бардошта, бо сари баланд ба кӯча бароем.
Ман ду маротиба бо пули падару модарам табобат гирифтам, то ки фарзанддор шавем, вале шавҳарам ҳамагӣ як маротиба бо ҷангу ҷанҷоли зиёд ба духтур рафт ва табобати фармудаашро низ пурра нагирифта, доруҳоро ба ким-куҷо партофт. Ҳарчанд кӯшиш кардам, ин марди бепарворо на бо забони ширин ва на бо ҷангу ҷанҷол ба табобат водор карда натавонистам.
"Болои сӯхта намакоб" гуфтагӣ барин, модараш бисёр зани шаттоҳ аст. Азбаси худаш шавҳар надорад, шояд аз рашк бошад, ки рӯзи дароз маро ғам медиҳад. Ба ҳама ранҷу азоби хушдоман тоқат мекардам, агар шавҳарам дар пушти ман ва дар фикри фарзанд мебуд, вале ин мард чунон рафтор мекунад, ки гӯё ману вай муввақатан ҳамсафар гашта бошем.
Сарҳисоби зиндагиамро гум кардаам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, ки чӣ кор кунам? Бо умеди оне, ки шояд рӯзе ақли шавҳарам ба сараш зада, аз паси табобат гашта, эҳтимол соҳиби фарзанд мешавем, тоқат карда гардам ё аз баҳри чунин зиндагӣ гузарам?
С, хонандаи "Оила"