Нозукчабону
Пас аз беморхона Гулбоғ корро бас карда хонашин шуд, акнун ҳамеша табиби оилавияшон аз ҳолаш хабар мегирифт, ҳомилаборияш хеле хуб паси сар мешуд. Аммо ин зани сабукандешаро кай парвои ҳомидаорию фарзанд буд ӯ пайваста ба телефони хомуши Миша занг зада мехост ӯро пайдо кунад. Ба Нозир умуман меҳр надошт, ӯро дар як моҳ як бор ба бистараш роҳ медоду халос. Ҷавонмард ҳамаи инро аломати ҳомиладорӣ пиндошта нозбардори ҳамсари хиёнаткораш буд.Гулбоғ то метавонист ноз мекарду ба қавле хударо ба лаълӣ мегузошт, зеро нозбардор дошт… Марҳилаи зоданаш наздик мешуду Нозир як хонаро барои фарзанди ҳанӯз ба дунё наомадааш тайёр мекард. Ӯ мехост фарзандаш дар шароити бехтарин ба воя расад. Гулбоғ низ оҳиста-оҳиста Мишаро фаромӯш карду дар вуҷудаш камакак меҳри модарӣ бедор шуд. Нозир тағир ёфтани занашро дида меҳрубонтар шуд..
Шодмонӣ
Як шоми пурбарфи зимистон Гулбоғ дар яке аз беморхонаҳои беҳтарини Маскав писараки зебоеро ба дунё овард. Нозир аз хурсандӣ мерақсиду ба сари духтурон пул меборид, ба Тоҷикистон занг зада аз хусуру хушдоман ва кампири Маряму писараш муждагонӣ гирифт. Он шаб дили ҳама пайвандони ҷавонмарди хушбахт шоду мамнун буд. Нозир Гулбоғро бо гулу гулдастаҳо пешвоз гирифта ба мошин шинонд, пеш аз он ки мошинро ронад ба ангушти занаш ангуштарини тиллоии бузургеро андохт, ки бо алмос оро дода шуда буд. Дили Гулбоғи чизпараст кушода шуду бо ханда гуфт:-Сюрпризи беҳтарин… ҳоло сюрпиризи беҳтарини дунё дар пеш аст- занашро бӯсида гуфт ҷавонмард Гулбоғ аз дил гузаронд, ки шояд Нозир мошини ваъдагияшро гирифтааст ва аз эҳсоси ҳирс чашмонаш дурахшиданду гуфт:-Холо ман мошинрониро ёд нагирифтаам ку? Мошинрониро ҳамин сол ёд мегирӣ ва ман бароят мошин низ мехарам, зеро барои ба ягон ҷо рафтан лозим мешавад, наход барои ту мошин сюрпризи беҳтарин бошад, ба саволи занаш бо савол ҷавоб дод Нозир. Гулбоғ дар ҳайрат буд, ки шавҳраш барояш чӣ сюрприз дошта бошад?
Сюрприз
Онҳо банди гуфтугӯ ба назди бинои истиқоматияшон расиданд, Нозир боэҳтиёт кӯдакро аз дасти Гулбоғ гирифта пеш-пеш даромад Гулбоғ бошад аз қафо. Чун ба назди дараи хона расиданду Нозир калидро ба занаш дароз кард, ки дарро кушояд, Гулбоғ гуфт:-Нозирҷон, медонӣ ба димоғам бӯйи гардсӯз расид. Ҳар гоҳе апаҳоям таваллуд мекарданд, модарам бо равғани зағир радсӯз мепухт, ҳавои хонаро бӯйи хуши гарди сӯхта фаро мегирифт… Зану шавҳар пасопеш ба хона даромаданд, Гулбоғ бӯйи форами деҳаро дар хонааш эҳсос карда гуфт:-Нозир ту гардсӯз…. Ҳамин вақт дар рӯ ба рӯяш модараш пайдо шуда ӯро ба оғӯш гирифт, ҷавонзан намедонист хоб аст ё бедор. Холаи Сайлонбӣ духтарашро гарм ба оғӯш гирифта зор-зор мегирист, Нозир модару духтарро ба зур аз ҳам ҷудо карда ба хона даровард. Гулбоғ баъди пурсуҷӯи модар, шарму ҳаёро як сӯ гузошта дастонашро ба гардани ҳамсараш ҳалқа карда нидо кард:-Азизаки ман, ғамхораки ман, ҷонаки ман, Нозирҷони худам….
Дар сӯҳбати модар
Нозир писарчаашро аз дасти хушдоманаш, ки бӯсидаю буйида садқаю балогардонаш мешуд, гирифта ба хонаи худаш дароварда ба катчааш хобонду худаш рӯйи қолин дароз кашид. Холаи Сайлонбӣ бошад, мемурам дар духтараки ғарибам гӯён, духтарашро рӯйи ҷогаҳи баланди андохтааш хобонда пешаш дастархони пурнозу неъмат орост. Аввал ҳаким аст гӯён як шоҳкоса гардсӯзаш хӯронд, баъд чойи сиёҳаш оварду аз асалу чормағзҳои ватан ва сӯҳбати эшон қӯр гирифт. Модар ба духтараш дар бораи ҳавлии кори калони сохтаашон, боғи сарсабзу ободиҳои дигари ватан сӯҳбат карда ӯро ба рафтан ба ватан талқин мекард. Аммо Гулбоғ гуфт, очаҷон ҳоло вақташ нарасидааст, кайе Нозирҷон хоҳад ҳамон вақт меравем, истед, ки шумо кай омадед? Нав ҳушаш ба сараш задагӣ барин пурсид Гулбоғ. Ду рӯз шуд, Нозирҷон мехост мо ҳамроҳи падарату кампири Марям биёем, аммо кампир каме бемор шуданду падарат бошад хонаву дарро бесоҳиб монда намеравам гуфт, апаи калониятро ҳамроҳи кӯдаконаш назди падарат оварда монда худам омадам. Гапи Нозирҷонро ду накардам, боз туро ёд карда будам, гуфтам зани навзо дар мулки ғарибӣ… Аммо ин хонаву дар ва шукӯҳу шаҳомати ту ва шавҳари ғамгусоратро дида хотирам ҷамъ шуд, дигар садҳо сол ҳам наравӣ парво намекунам. Гулбоғ аз модараш дар бораи апаҳояшу падараш, ҳамсинфону дигару дигар пурсиду пурсид, ҳамин тавр хобаш бурда монд, танҳо нимаҳои шаб модараш тифлаки парпечашро овард, ки маконад. Писараки нозанини сергуштакаш пас аз хурдани шири ширини модар ором гирифту барача барин ба хоб рафт, Гулбоғ бо меҳр ба рӯйи ӯ нигариста шукри бахти худода ва шавҳари дилсӯзаш кард. Вале дар ким- куҷрои қалбаш оташаке мил-мил месухту аз чизи дигар хабар медод…
Ёди хотироти талх
Вай аз Мишаи бевафои ноодам хафа буд, худ ба худ меандешид, ки чӣ гуна одамон метавонад ду ниқоб дошта бошанд? Аввал худи мард бо зорию зурӣ занро ба бистар кашид, аз ишқу муҳаббат, аз хаста шуданаш аз зани бегона, аз дӯсториҳо сухан кард…. Навозишҳояшро намегӯйи, аз дил гузаронид Гулбоғ… Сар то поямро бо бӯса мешӯсту, тайёр буд бароям ҷонашро фидо намояд, аммо хабари ҳомилабории ман вайро сахт парешон кард. То дараҷае, ки дигар ҳатто бо ман ҳарф задан нахост… Аблаҳ, кадом рӯз зери каблуки ҳамон пишаки зард, бесоҳиб мурда меравӣ! Гумон кардааст, ки ман фарзандамро ба гардани ӯ бор мекунам. Шукри Худоанд писари ман падару модар ва бибию бобои нозбардор дорад, ки ба як тора мӯяш меларзанд- зери лаб Мишаро сарзаниш кард Гулбоғ. Вале аз эҳсосоти зиёд болиштро ба рӯяш зер карда талх гирист… Субҳи барвақт хонаи ин ҷуфти ҷавонро садои гиряи тифл фаро гирифт, ҳама серкор буданд, модар барои духтараш чордорӯ (хуроке, ки дар кӯҳистон барои занони навзо мепазанд. Он аз шир, набот, тухм ва зардчӯба иборат аст) мепухту, Нозиру Гулбоғ бошанд, парпечи тифлакро дигар карда сарӯ танашро бо сачоқчаи намнок тоза карда равғани хушбӯй мемолиданд. Ин ташвишҳоро ташвишҳои хушбахтона буданд, ки онро ҳар оила орзу мекунад.
Хайрбод бо модар
Бо ҳамин ташвишу тараддудҳои зебо ду моҳ сипарӣ гашт, Бунёдҷони ширинаки эшон хандонрӯ шуда буду ғув-ғув карда бо забони кӯдакӣ бо падару модараш «гап» мезад.Холаи Сайлонбӣ, еи деҳаву боғу ҳарами худро ёд карда буд аз домодаш хоҳиш кард, ки барояш чиптаи бозгашт харад. Нозирҷону Гулбоғ модарро хеле зорӣ карданд, вале хола азми қтиъии рафтан дошт. Ҳамин тавр Гулбоғ бо модар хайрбод карду Нозир ӯро гусел намуд, пеша аз хайрбод холаи Сайлонбӣ ба гулбоғ гуфт:-Духтарам Бунёдҷон яксола, ки шуд ҳамроҳи нозирҷон ба ватан биёед, хонаву даратонро таъби дил оро диҳед, ҷиҳоз харед, бурёкубон карда мардумро ҷеғ занед. Шояд якбора хатнасури писаратонро низ баргузор мекунед… Гулбоғ бо ханда гуфт:- Очаҷон мо албатта меоем, онҳое, ки маро сиган меномиданду назарашон намегирифт, бояд бубинанд, ки ман кӣ шудаам! Бояд аз зебогии ҷамол, шавҳари пулдор ва шукӯҳи хонаву дари ман нафасашон ба дарун ях бандад!!! Ман ба ҳамаи онҳо нишон хоҳам дод… Холаи Сайлонбӣ дид, ки Маскав низ духтари кинавари ӯро дигар накардааст, аз ин рӯ насиҳат кард:-Духтарҷон, наход то ҳол дар дилат кина гирифта гардӣ?! Сад нобудашон, ту шукронаи фарзанду зиндагии тинҷу осудаатро намо, бало ба паси бадгӯю суханчин! Дар кӯдакӣ ҳама ба якдигар лақаб мемонданду якдигарро масхара мекарданд, имрӯз ҳама ҳамсинфонат маро бинанд бо меҳр аз ту авҳолпурсӣ мекунанд. Ту бошӣ… Эҳ очаҷони соддаи ман, ту аз куҷо медонӣ, мардум чӣ гунаанд, онҳо ана ҳамин тавр пулбору бою ба давлат шуданатро бинанд мисли сагбача хам шуда поятро мелесанд. Ҳа ман ба ҳафтод даромада, зиндагиро намедонам, ту бошӣ медонӣ, то таассуф гуфт холаи Сайлонбӣ. Гулбоғ модарро бо ҳадяҳои зиёд то пушти дар гусел кард, зеро модар нахост ӯ бо кӯдаки хурд дар ҳавои сард ба фурӯдгоҳ равад….