Духтари маккора
Гулбоғ ба хона баргашта модарашро, ки ҳамроҳи занҳои ҳамсоя кӯрпаҳои ӯро духта истода буд як тараф бурда гуфт:-Очаҷон, ман бояд афту андомамро дигар хел тар кунам. Домодатон дар шаҳрҳои дур гашта, ба духтарони сатанг омӯхта шудаасту бояд ман аз онҳо зеботар бошам… Холаи Сайлонбӣ бо ҳайрат ба духтараш нигариста гуфт:- Духтарам афту андоми ту айбе надорад, шаби никоҳат холи Кибриёят қошҳоятро мечинад, ана мебинӣ гул барин мешукуфӣ, ягон ҷо рафтанат шарт нест.. Оча ман намехоҳам, гул барин шукуфам, мехоҳам маликаи ҳусн бошам, гапа бисёр накунеду ба ман барои расидан ба ин мақсад камтар пул диҳед…. Холаи Сайлонбӣ медонист, ки Гулбоғ аз гапаш ҳаргиз намегардад, аз ин хотир барояш пул дод. Рӯзи дигар Гулбоғ саҳари барвақт назди дари «Кошонаи ҳусн»-и «Муҳаббат» тнтизори омадани машшотаҳо нишаст. Пас аз ним соати интизори хонуми зардинаи зебо, ки ба бар либосҳои миллии тоҷикӣ дошт омада дарро кушод, Гулбоғ ба ӯ салом дода гуфт:-Шумо Оля ҳастед? Бале ман оля, хизмат духтари хушрӯ бо забони ширини тоҷикӣ гуфт, хонуми зардина… Гулбоғ ба Оля дар муддати кӯтоҳ забон ёфту ба ӯ дар бораи шавҳаршавандаи соврименнияш нақл кард, албатта нақли Гулбоғ пур аз дурӯғ низ буд. Гӯё Нозир ба вай гуфта бошад, ки ман туро ба Руссия мебараму бояд мисли духтарони шаҳрӣ зебо бошӣ ва ғайра… Оля нақли духтарро шунида табассум карду гуфт:-Ту парешон машава, ман то метавонам кушиш мекунам то орзуҳои туро бароварда кунам….
Дугонаи нав
Оля Гулбоғро ба роҳаткурсӣ шинонида гуфт:-Дугона дар дунё замони безеб умуман вунадоранд, танҳо бонувоне мавҷуданд, ки ба худ аҳмият намедиҳанд. Масалан ту духтари хеле зебоӣ, вале ҳунари нигоҳубинро надорӣ, ки инро ман ба ту меомӯзам албатта бо гирифтани маблағи муайян… Гулбоғ мақсади Оляро фаҳмида ба дасти ӯ се ҳазорсумаи русиро часпонд. Оля ин олиҳимматиро аз духтарак интизор набуд, хурсандона ба кор часпид. То ҷое ман медонам, шумо тоҷикон шаби тӯятон абрувонатонро мечинед, аз ин хотир то тӯй ман ҳамроҳи ту дигар хизматрасониҳоро анҷом медиҳам. Оля он рӯз ҳама ҳунарашро нишон дода чеҳраи Гулбоғро ба воситаи маводҳи кимиёвтоза намуду дасту пойҳояшро низ ороста намуд. Пас як қаттор малҳаму шампуну гелҳои шустушӯиро ба нархи гарон ба ӯ фурӯхта гуфт, ки танҳо аз ҳамин гуна мавод бояд истифода барад. Гулбоғу Оля тули он рӯз ба якдигар дугонаҳои ҷонӣ шуданд, ин хонами рус ба Гулбоғ гуфт, ки то тӯй ӯро албатта ба малики ҳусн табдил медиҳад, духтарак гаштаю баргашта ба оина менигаристу бовар наекард, ки ҳамин чеҳраю дасту пойи нарму мулоими зебо азони ӯянд….
Маликаи ҳусн
То тӯй Гулбоғ чанд бори дигар назди Оля рафту бу нигоҳубини ҷиддии ҳусни хеш машғул гашт, бегоҳи тӯяш Оля қошҳояшро аз рӯи муди охирин чиду каме ранг дод. Акнун Гулбоғи сияҳаку ба назарҳо нонамоён, ба маликаи ҳақиқии ҳусн табдил ёфта буд… Падараш тамоми пулу пайсаи дар бисоташ доштаро сарф карда барои духтараш ҷиҳози арӯсӣ, зару зевар харид тӯйяки зебое низ орост. Аз ҳама муҳимаш саҳнаи омад-омади домоди нозанин буд. Бо дидани ҷавони хушқадубасти зебо, даҳони ҳамедаҳагон воз монд. Чун Гулбоғи мисли лолаҳои наврӯстаи субҳи баҳорон бо пираҳани зебои атлас, қоштилло, кафшҳои зардӯзӣ дар бари ӯ рост шуд, мардум ангушти ҳайрат газиданд. Гулбоғ бо таври ношинохтанӣ зебо шуда буд. Арӯсро ёр-ёр гуён ба хонаи кампири Марям бурданд. Аҳли деҳа ба хотири модари ҷавонмарги Нозир, ки хеле ҷавонзани меҳнатию дидадаро буд, бо дастовезҳои зиёд ба тӯй омаданд. Мардони деҳа бошанд, ҳар кас мувофиқи тавонаш пул низ партофтанд. Аҳли деҳаи Нозир низ зери лаб пичиррос мезаданд, ки «кори сағираро Худо рост мекунад» мегӯянд, ки дуруст аст. Ин духтари зеборо бинед… Писари кампири Марям Исҳоқ бо маслиҳати модараш меҳмонхонаашонро ба ихтиёри шаҳу арӯс гузошт, то чилаатон баромадан бо мо зиндагӣ кунед, баъд чизе Худо хоҳад ҳамон мешавад, гуфт ҳамсари фариштахисоли Исҳоқ Гулсунбӣ. Гулбоғ бо нимтаъзим ба аҳли ин хонаводаи меҳрубон раҳмат гуфт, Нозир низ дастони Гулсунбиро бӯсида гуфт:-Янгаҷон, шумо бибиям ва амакам аз наздиктарин хешони ман ҳастед, ман ин некиии шуморо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Нозир ба маликаи ҳуснаш менигаристу ҳеҷ бовар намекард, ки ин ҳамон духтараки пеш дидааш аст. Ӯ бо сад ҷон ошиқи Гулбоғ шуд….